Дар ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон ва аз канори дарёи Панҷ субҳи 6-уми июл ҷасади шахсеро ёфтаанд, ки ба тан либоси низомии Тоҷикистонро дошта, ба иддаои шоҳидон, "дар қафаси синааш захми се тир аст". Дар идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, дар бораи шахсияти ӯ маълумот надоранд.
Чанд сокини деҳаи Ҷорф – маркази Шикай – ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасадро баъди берун овардан аз об ба Нусай фиристоданд. Нусай ноҳияи дигари Дарвози Афғонистон аст, ки як пули наздимарзӣ онро бо Дарвози Тоҷикистон мепайвандад.
Шоҳидони аз об берун овардани ҷасад гуфтанд, дар синаи ӯ осори се тир дида мешуд. Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манбаъҳои дигар имконпазир нест.
Ҳамзамон дар бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон хабарро тасдиқ карда, аммо таъкид намуданд, ки то ҳол дар бораи шахсияти ӯ маълумот надоранд. "Ҷасадро надидем ва барои ҳамин аз шахсияташ хабар надорем," – гуфт Усмон Қурбонов, сардори бахши ин ниҳод, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ.
Вай афзуд, масъалаи интиқоли ҷасадро ба кишвар ба миён гузоштанд ва "ҳоло дар роҳ аст". Қурбонов таъкид кард, ки аз қабл ҷасади чанд шахси ғарқшударо мекофтанд ва эҳтимол яке аз онҳост.
"Аз 20-уми май инҷониб маъмурони наҷот шахсонеро мекофтанд, ки ба садама дучор шуда, ба дарё афтодаанд," -- гуфт Қурбонов, вале шарҳ надод, ки кадом садама.
Аз ин пеш ҷасади яке аз кормандони нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро низ аз дарёи Панҷ ва дар наздикии Афғонистон ёфта буданд.
Пайвандони Сангалӣ Камолов, ронандаи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилӣ, гуфтанд, ӯ моҳи майи имсол гурӯҳи сарбозони ОМОН ё нерӯҳои махсуси ВКД-ро дар мошини низомиаш ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебурд, "аммо дар роҳ бедарак шуд". Маълум нест, дар дохили мошин чанд афсар буда ва сарнавишти дигарон чӣ шудааст.
Рӯзи 23-юми май як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки "7 корманди нерӯҳои таъиноти махсус дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд". Мақомот то кунун расман дар бораи нопадид ё ғарқ шудани кормандони ОМОН ё дигар ниҳодҳои қудратӣ иттилоъ надодаанд.