Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, рӯзи Иди Қурбон (Азҳо)-ро эълон кард. Бино ба қарори Шӯро, ид рӯзи шанбеи 9-уми июл таҷлил хоҳад шуд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо, дар баёнияе рӯзи 4-уми июл гуфт, ин санаро "мувофиқи далелҳои илмӣ ва бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо" таъин карданд.
Ба қарори Шӯрои уламо, намози ид соати шаши субҳ хонда хоҳад шуд. Аз имомхатибон хоста шудааст, дар мавъизаҳояшон дар бораи оромӣ ва мадад ба ятимону пирон суҳбат кунанд.
Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.