Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон кору зиндагиро сахт кард. ВИДЕО


Гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон ва то 40 дараҷа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон ва то 40 дараҷа

Чанд рӯзи ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз 40 дараҷа гузаштааст ва гармо кору зиндагӣ барои сокинонро душвор кардааст.

Мақомоти тоҷик ҳушдор додаанд, ки моҳи июл дар Тоҷикистон гармтар хоҳад шуд ва бояд сокинон ба ин вазъ омодагӣ бигиранд.

Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин баланд шудани ҳарорати ҳаво дар таърихи ҳавошиносии кишвар рекордӣ ё бесобиқа аст. "Ҳарорати баландтарин дар Душанбе то соли 2000-ум 43,4 дараҷа буд. Имсол ҳарорат ба 44 дараҷа расид.”

Ин масъул гуфт, ки ҳарорат дар соя чен шудааст ва зери нурҳои офтоб он баландтар аст.

Гармии бесобиқа дар Душанбе сокинонро водор месозад, ки дар ҷустуҷӯи соягӣ ва ҳавои муносиб озими боғҳои пойтахти Тоҷикистон шаванд.

Искандар Солеҳовро якҷо бо рафиқаш нимарӯзӣ ҳангоми истироҳат дар яке аз боғҳои пойтах вохӯрдем. Ӯ гуфт, танҳо роҳи наҷот аз ин гармӣ зери чанорҳои бузург ва канори фаввораҳо аст."Ҳаво гарм аст ва мо рӯзро дар ҳамин гуна боғҳо мегузаронем.”,--гуфт ӯ.

Насиба Маҳмадова, як сокини дигари Душанбе мегӯяд, талош дорад, бидуни зарурат ба кӯча набарояд. Агар барояд ҳам, талош мекунад, аз зери сояи дарахтҳои бузург худро аз нурҳои офтоб панаҳ кунад.

Ӯ гуфт: "Ҳангоме, ки ба берун мебароем, албатта дар зери дарахтон онқадар мушкил нест. Дар роҳҳое, ки онқадар дарахт нест, хеле мушкил аст. Мардум ҳам кушиш мекунанд, ки рӯзона ба берун набароянд.”

Дар чунин рӯзҳои гармо бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъол набудани ҳавосардкунакҳо дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд. Дар муассисаи “Душанбенақлиётхадамот” нахостанд бидуни иҷозаи шаҳрдории Душанбе бо Радиои Озодӣ суҳбат кунанд. Ронандаҳои автобусҳо низ аз тарси ронда шудан аз кор нахостанд рӯйи дурбини Радиои Озодӣ изҳори назар кунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ахиран ба сокинони кишвар аз фарорасии гармои шадид ҳушдор дода, аз шаҳрвандон хоҳиши риояи қоидаҳои саломатӣ карда буд.

Ноҳида Ҳамроалиева, пизишки умумии Бемористони Сино, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи паёмадҳои гармиҳои бесобиқа барои саломатии сокинон гуфт, ки дар чунин ҳолат эҳтимоли хуруҷи бемориҳои сироятӣ афзоиш меёбад. Аммо, ба гуфтаи ин пизишк, ҳоло гармиҳо бештар ба нафарони дорои бемориҳои фишорбаландӣ таҳдид мекунанд. “Ҳангоми сайру гашт бояд худро эҳтиёт намоянд ва бо худ сарпӯш ё чатр дошта бошанд. Як чиро мушоҳида кардам, ки мардум бисёр руймол ё либоси сиёҳ мепӯшанд. Ин мумкин нест. Либос бояд бо ранги равшан бошад, ки нури офтобро зиёдтар накашад.”,--гуфт ӯ.

Зимнан, гармиҳои бесобиқаи соли ҷорӣ танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар кишварҳои минтақа ва манотиқи мухталифи ҷаҳон низ болоравии ҳарорат ба мушоҳида мерасад.

Соҳибназарон ин амрро ба раванди тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон марбут медонанд.

XS
SM
MD
LG