Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Гулбутта мегӯянд, аз дасти "Дулан"-ҳо ба дод омадаанд. ВИДЕО


Дар Гулбатта чӣ гап?

Гурӯҳе аз сокинон дар маҳаллаи Гулбуттаи Душанбе бо чанд соат бастани роҳи мошинҳои боркаш хостанд, таваҷҷуҳи мақомотро ба мушкили худ ҷалб кунанд.

Онҳо шикоят доранд, ки ҳар рӯз мошинҳои азими боркаш, ба мисли “Дулан”, аз байни кӯчаи онҳо гузашта, ба дару девори хонаашон осеб расондааст. Мақомот мегӯянд, барои баррасии масъала гурӯҳи корӣ таъсис доданд.

Бунафша Бойаҳмадова даҳ сол боз дар маҳаллаи Гулбутта зиндагӣ дорад, аммо мегӯяд, вазъият дар се-чаҳор соли охир бад шуд. Ба қавли ӯ, ронандаҳо бо истифода аз роҳи маҳалла сангу шағал ва партовҳои пойтахтро мекашонанд ва ба хонаҳояшон осеб расондаанд.

“Аз дасти ин “Дулан” хонаҳоямон ҳамин тавр шудааст. Ба ронандаҳо шикоят мекунем, мегӯянд, солҳои дароз ҳамин хел буд. Не, корхонаи коркарди сангу шағал сохта шуд, баъди ин мо ба чунин ҳол гирифтор шудем,” – шикоят кард ӯ рӯзи 30-юми июн.

Бунафша Бойаҳмадова мегӯяд, девори хонааш кафидааст
Бунафша Бойаҳмадова мегӯяд, девори хонааш кафидааст

Агар ин сокини Гулбуттаро бештар кафидани деворҳои хонааш нигарон кардааст, Саодат Фозилова аз чангу хоки мошинҳои борбар ва бӯйи партовҳо шикоят дорад.

Як сокини дигари маҳалла гуфт, “ё роҳро обод кунанд ё гузаштани мошинҳои борбарро тамоман манъ кунанд. Бо 8 тонна бор мегузарад, чангу хок дар ҳаво мехезад. То саҳар хоб рафта наметавонем. Сокинони инҷо ё дар муҳоҷират ва ё аз аробакашӣ пул меёбанд. Дар ин ҷо ягон мардуми пулдор нест. Ҳама деҳқон. Аз хишти лойин хона сохтаанд, ҳамааш дар ҳоли садамавӣ аст."

Ба гуфтаи сокинони Гулбутта, роҳи дигаре берун аз маҳалла ҳаст, ки мошинҳои гаронвазн метавонанд, аз он истифода кунанд. Аммо роҳро ба сабаби онки аз дохили як корхона мегузарад, бастаанд.

Давлаталӣ Гадоев, мудири бахши хоҷагии роҳҳои шаҳри Душанбе, дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай арзи мардумро шуниданд. Ба гуфтаи ӯ, барои ҳалли мушкили сокинон як гуруҳи кории иборат аз намояндаҳои ҳукумати Фирдавсии пойтахт ташкил шуда, «дар пайи ҳалли масъала ҳастанд».

“Мо рафта, ҳама ҷойро дидем ва ин камбудиҳое, ки вуҷуд дорад, бартараф мекунем,” – афзуд Гадоев.

Дар маҳаллаи Гулбутта, дар канори пойтахт, бештар аз 200 оила зиндагӣ дорад.

Дар гузашта низ сокинон аз истифода шудани роҳи маҳаллаҳои пойтахт, ки боиси халалдор шудани оромӣ ва муҳити зисти онҳо шудааст, шикоят карда буданд.

Видеоро инҷо бинед:

Сокинони Гулбутта мегӯянд, аз дасти "Дулан"-ҳо ба дод омадаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00
XS
SM
MD
LG