Моҳи августи имсол Тоҷикистонро хушхабаре дар пеш аст. Шаҳрванди 10-миллионумини кишвар ба дунё хоҳад омад. Дар ҳоле ки иддае аз афзоиши аҳолӣ ва ҳамин тавр мушкили иҷтимоӣ ба мисли нарасидани замину хона ташвиш доранд, мақомот мегӯянд, солҳои охир суръати афзоиши аҳолӣ кам ва оилаҳо хурдтар мешаванд.
“Бас, дигар таваллуд намекунам”
Заррина Каримова, сокини Душанбе, мегӯяд, дигар таваллуд намекунад ва ҳамаи кӯшишашро ба тарбия ва таҳсили се фарзанд равона хоҳад кард. Ӯ хонашин аст ва шавҳараш корманди як идораи давлатӣ.
“Дар оилаи шавҳарам мегӯянд, дар чунин шароит се кӯдак бас аст. Худам низ дигар намехоҳам, таваллуд кунам. Одам намедонад, шароит чӣ гуна хоҳад шуд,” – афзуд ӯ.
Бино бар як таҳқиқ, тақрибан ҳар дувумин зан ё 44 дарсади бонувони тоҷик фарзанди зиёд доштан намехоҳанд ва ба таври сунъӣ худро аз бордоршавӣ эмин медоранд. Хонаводаҳои муҳофизакор ва мазҳабии Тоҷикистон, баръакс, фарзандро новобаста аз шуморааш “атои Худо” медонанд ва бовар доранд, “ризқаш мерасад”.
Тоҷикистон Барномаи давлатии саломатии наслро барои солҳои 2019-2022 пеш мебарад, ки як ҳадафаш танзими оила ва солимии репродуктивии аҳолӣ гуфта мешавад.
Пешгирӣ аз ҳамли нохоста
Мунира Ғанизода, мудири маркази марбутаи Вазорати тандурустӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Истифодаи васоили пешгирӣ аз ҳамл солона монеи то 100 ҳазор таваллуди нохоста мешавад”. Вай афзуд, бар асоси омори расмӣ, “дар соли 2021, 42 дарсади занон дар Тоҷикистон аз васоили пешгирӣ барои ҳамл истифода кардаанд”.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз соли 2018 ба Тоҷикистон тавсия дода буд, ки барои кам кардани суръати афзоиши аҳолӣ дастрасиро ба маводи зидди ҳамл бештар кунад. Чун, ба гуфтаи коршиносони бонк, сарчашмаи даромади бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва оилаи бузург барояшон сарборӣ мешавад.
Мутахассисони бахши демография мегӯянд, зиёдшавии аҳолӣ ҳарчанд дар пайи худ чолишҳое дорад, мавзӯе нест, ки бар сари он зиёд нигаронӣ шавад. Ба қавли онҳо, “бо назардошти вазъи иқтисодӣ худи ҷомеа ин мушкилро танзим мекунад”.
Чӣ қадар марду чӣ қадар зан?
Шумораи аҳолии Тоҷикистон дар ҳоле ба 10 миллион мерасад, ки ҳукумат аз соли 2000-ум ба ин тараф сиёсати “танзими оила”-ро пеш гирифтааст. Тибқи ин барнома доштани то чаҳор фарзанд дар миёни оилаҳои тоҷик тарғиб мешавад. Ҳарчанд барнома тавсиявӣ аст ва дар назди оилаҳо ҳеч маҳдудият намегузорад, мизони таваллуд ба фарқ аз солҳои пешин дар Тоҷикистон кам шудааст.
Бори охир, соли 2020, дар Тоҷикистон нуфусшуморӣ шуд, ки тибқи натиҷаҳои он аҳолии кишвар аз 9 миллиону 661 ҳазор нафар иборат буд. Беш аз 4 миллиону 900 ҳазор мард ва 4 миллиону 760 ҳазор зан.
Хабаргузории “Азия-Плюс” навишт, бар асоси ҳисобҳои Оҷонси омор дар семоҳаи аввали имсол теъдоди аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллиону 934 ҳазор нафар баробар шудааст.
Моҳи майи соли 2018 ба шаҳрванди нӯҳмиллионнафарии Тоҷикистон манзили сеҳурҷаӣ доданд. Ҳоло маълум нест, тифле, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион нафар мерасонад, чӣ туҳфаеро соҳиб мешавад.
“Ҳанӯз ҳеч дастуре дар ин маврид нарасидааст,” – гуфт Абдувалӣ Қулов, сардори Раёсати омори демографии Оҷонси омори Тоҷикистон, рӯзи 23-юми июн дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ.
Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион кас хоҳад расид. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.