Сарони хонаводаи панҷгоник дар ноҳияи Қубодиён мегӯянд, тифлони худро бо ёрии хешу табор парасторӣ мекунанд, вале дар таъмини ғизои онҳо бо мушкил рӯбарӯянд.
Ин дар ҳолест, ки зода шудани нахустин панҷгоник дар Тоҷикистон тамоми кишварро хушҳол кардаву ваъдаҳоеро ба бор оварда буд, ки мақомот ёрии худро аз Ҳасану Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадиҷа дареғ нахоҳанд дошт.
Панҷ гаҳвора, ки дар ҳар кадоме як тифл хоб аст, барои як модар зиёдӣ мекунад ва вақту нерӯяш ба ҳамаи онҳо баробар намерасад, аммо ёрмандии чанднафарӣ ин мушкилро осон кардааст.
Чизе, ки Дилноза Маматова, модари 30-солаи панҷгоникро нигарон мекунад, он аст, ки тифлҳо рӯз то рӯз калонтар шуда, талаботашон ба хӯрок низ зиёдтар мешавад.
Дилноза имкони таъмин кардани онҳоро бо шири худ надорад ва шире, ки духтурон барои кӯдакҳо тавсия кардаанд, танҳо барои як ё ду рӯз мерасад. "Мардум камтар кумак карданд, дастгирӣ карданд. Ба панҷоҳ сомонӣ шири хушк мегирем, ба ду рӯз мерасад. Боқимондаашро аз ҳисоби худамон мегирем", -- мегӯяд Дилноза Маматова.
Раҳмон Нурмуродов, падари панҷгоник, мегӯяд, мардуми деҳа барои кӯдакон гоҳе ёрӣ мерасонанд, вале худаш, ки бекор аст, имкони харидани ғизоро надоштааст. Ӯ гуфт: "Шири модар ба панҷ кӯдак намерасад, харида истодаем, вале нарх рӯз то рӯз гарон шуда истодааст."
Панҷгоники аввалин – се духтару ду писар – дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабри соли 2020 дар зоишгоҳе дар Душанбе ба дунё омада, ҳоло дар ноҳияи Қубодиён, дар хонаи волидон, бузург мешаванд.
Падари онҳо, Раҳмон Нурмуродов, чанд моҳ пеш аз мақомот хоҳиш карда буд, ки барои онҳо дар шаҳри Душанбе як манзил диҳанд, то дар он ҷо коре пайдо кунад. Мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, дар ҳавлии бобои панҷгоник барои онҳо хона месозанд. Раҳмон Нурмуродов мегӯяд, тарҳи хонаи нав аз се ҳуҷра ва як ошхона иборат аст.
Деворҳои ин хона бардошта шуда, мунтазири он ҳастанд, ки бомаш низ пӯшонда шавад, вале маълум нест, ки ин хона аз кадом буҷа ва бо чӣ арзише бунёд мешавад.
Мақомоти ноҳияи Қубодиён ва пизишкон мегӯянд, ки онҳо аз ҳоли кӯдакон зуд-зуд хабар мегиранд ва аҳволи онҳоро қаноатбахш меноманд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник дар Тоҷикистон сабт шуда буд.
Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳоло аҳолии ҷумҳурӣ то 9,5 миллион нафар расидааст. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион кас хоҳад расид.