Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулот бо ҳузури 70 ширкату корхонаи мухталиф баргузор шуд, ки дар назар аст, то ду рӯзи дигар идома ёбад. Дар рӯзи нахусти ин намоишгоҳ ҳузури сокинон камранг буд. Баъзе тоҷирон корҳои сусти тарғиботӣ ва бархе дигар коҳиши қудрати харидории сокнон ва таваҷҷӯҳи мардум ба чунин чорабиниҳоро далел оварданд.
Ташаббускорони намоишгоҳ изҳори умедворӣ намуданд, ки дар рӯзҳои баъди шумори боздидидкунандаҳо афзоиш меёбад ва баргузории он ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.