Як ҳафта аст, ки дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ гузориши нав пахш намешавад. Рӯзҳои қабули вазирону раисон ҳам бе интрига мегузарад, чун Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ногаҳон бо камера аз дар намедароянд. Рӯзи 15-уми май Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ин ду рӯзноманигори тоҷикро боздошт кард.
Далери Имомалӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дуруғпароканӣ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ муттаҳам шуд. Абдуллоҳ Ғурбатиро дар муқобилият ба корманди пулис гумонбар аст. Наздиконашон айбномаҳоро рад мекунанд. Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ кӣ буданд ва чаро боздошти онҳо сарусадои зиёдро ба миён овард?