Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти орд ба Тоҷикистон 12 дарсад коҳиш ёфтааст


Дар панҷ моҳи аввали имсол воридоти орд ба Тоҷикистон 12,5 дарсад коҳиш ёфтааст. Хадамоти гумруки кишвар хабар додааст, ки дар ин муддат худуди 330 ҳазор тонна гандум ба маблағи умумии 102 миллион доллар ворид карда шуд. Афзоиши нарх қариб 11 фоизро ташкил додааст.

Корхонаҳои коркарди орд дар Тоҷикистон асосан аз гандуми воридотии Қазоқистон истифода мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздик ба як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд. Чунин пойбандӣ яке аз сабабҳои боло рафтани нархи орду ғалла номида мешавад.

Нархи орд аз аввали сол чанд маротиба боло рафта, ҳоло як халта орди 50-килограмӣ аз 380 то 400 сомонӣ сомонӣ нарх дорад. Дар ҳоле, ки афзоиши нархи орд дар Тоҷикистон идома дораду баъзе аз кишварҳо, ба вижа Русияву Қазоқистон, содироти гандумро маҳдуд кардаанд, мардум нигаронанд, ки дар ояндаи наздик вазъ чӣ хоҳад шуд.

Пештар дар Вазорати кишоварзӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барномаи хоси зиддибуҳронӣ надоранд. Баъзе идораҳо захираи орду гандумро дар кишвар "сир" донистанд.

XS
SM
MD
LG