Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халабонҳои фирорӣ аз Душанбе ба Абу Дабӣ расиданд. ВИДЕО


Халабонҳо ё пилотҳои афғонистонӣ, ки шаби гузашта аз Душанбе берун шуданд.
Халабонҳо ё пилотҳои афғонистонӣ, ки шаби гузашта аз Душанбе берун шуданд.

Халабонҳо ё пилотҳои афғонистонӣ, ки шаби гузашта аз Душанбе берун шуда буданд, субҳи 10-уми ноябр ба шаҳри Абу Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб расидаанд.

Наздики 200 нафар паноҳҷӯи афғонистонӣ, аз ҷумла 143 халабон аз моҳи август ба ин тараф дар Тоҷикистон буданд.

Қарор аст, онҳоро аз инҷо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баранд.

Як тан аз халабонҳо рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло онҳоро дар як меҳмонхона ҷой додаанд, вале маълум нест, кай барояшон иҷозати парвоз Амрико дода мешавад.

“Дар фурудгоҳи Душанбе аз субҳ то шом интизор шудем ва шаб парвоз кардем. Ҳоло дар Абу Дабӣ қарор дорем. Гуфтанд, ки то омода шуданд, визаи ИМА бояд мунтазир бошем”,--гуфт ӯ.

Берун шудан аз Тоҷикистон хоҳиши худи пилотҳо буд, ки борҳо дар борааш садо баланд кардаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Халабонҳои афғонистонӣ баъди се моҳ аз Тоҷикистон рафтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба ҷуз аз 143 пилот, боз чанд оилаи дигари афғонистонӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон низ аз Тоҷикистон ба кишвари дигар бурда шуданд.

Дар Сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ тасдиқ карда буданд, ки як гуруҳи тахминан 191-нафарии афғонҳо, бо шумули пилотҳоро ба хориҷ мебаранд.

Яке аз халабонҳо қабалан гуфта буд, ки ҳафтаи гузашта ба онҳо хабар доданд, ки ҳуҷҷатгузории сафари онҳо ҳал шудааст ва аз Тоҷикистон бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар миёни онҳо, ду бону низ ҳастанд, ки яке аз онҳо бояд ҳамин рӯзҳо таваллуд кунад. Ин зан ду бор ба бемористон бурда шуд ва зери назорати пизишкони тоҷик буд.

143 пилот ё халабони афғонистонӣ рӯзи 15-уми август баъд аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон", ба Тоҷикистон фирор карданд ва се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.

Дар ин муддат борҳо шикваи онҳо шунида шудааст, ки ин ҷо дармондаанду сарнавишташон номаълум аст ва ҳамчунин наздиконашон дар Афғонистон таҳти фишори "Толибон"-анд.

Ин дар ҳолест, ки "Толибон" пештар гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Баъд аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”, садҳо шаҳрванди он кишвар ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Гуфта мешавад, даҳҳо паноҳҷӯи дигар талош доранд, ки аз роҳи заминӣ вориди Тоҷикистон шаванд, аммо комёб нагаштаанд.

Дар умум, ба иттилои мақомот, дар Тоҷикистон 15 ҳазор паноҳҷӯи афғон ҳастанд. Бисёре аз паноҳҷӯён ба монанди халабонҳо мехоҳанд, ба кишвари севум раванд, вале ба назар мерасад, ин кор барои бархе аз онҳо чандон осон нест.

XS
SM
MD
LG