Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо бо гармии рекордӣ рӯбарӯ шудааст


Итолиё, кӯдаке дар гармии 40-дараҷаӣ дар фаввораи шаҳр наҷот меёбад. Акс аз соли 2015
Итолиё, кӯдаке дар гармии 40-дараҷаӣ дар фаввораи шаҳр наҷот меёбад. Акс аз соли 2015

Қораи Аврупоро гармии шадиди зери дараҷаи 40-и Селсия фаро гирифтааст, дар баъзе минтақаҳо ҷангалҳо месӯзанд ва нигарониҳо аз то рафт доимӣ шудани чунин гармӣ ба вуҷуд омадааст. Испания ва Фаронса, ки рӯзи 18-уми июн гармӣ дар ин ҷо то 32,9 дараҷа расид, дар миёни кишварҳои аврупоӣ аз ин назар рекорд нишон доданд. Донишмандон ин вазъро натиҷаи гармоиши иқлим меноманд. Рӯзи 19-уми июн пешбинӣ мешавад, ки бодҳои соҳилҳои Атлантика як каме нармиш меоранд. Метю Сорел, як иқлимшиноси фаронсавӣ дар сӯҳбат бо Meteo France гуфт, ки Фаронса аз соли 1947 чунин гармиро надида буд.

Дар бархе ҷангалҳои Испания сӯхтор рух додааст. Дар дигар нуқоти Аврупо - Замораи Португалияву минтақаи Каталония ҳам гармии рекордиро пуштисар мекунанд. Дар Ҷумҳурии Чех ҳам рӯзи 19-уми июн ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа мерасад.

XS
SM
MD
LG