Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" дар бораи ҷалби неруҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Алмаато дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ изҳори назар кардааст.
Тоқаев гуфтааст, "баъзеҳо дар Русия вазъро тамоман нодуруст арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Русия Қазоқистонро "наҷот дод" ва Нурсултон акнун бояд ҳамеша "ба Москва таъзим ва хидмат кунад".
"Ба назари ман, ин далелҳои комилан беасос ва аз воқеият дур ҳастанд", - афзудааст Тоқаев. Президенти Қазоқистон илова кардааст, ки СПАД "як неруи маҳдуд"-еро ба Алмато фиристода буд ва "онҳо аз рӯзи ворид шуданашон ба шаҳр ҳатто як тир ҳам напаронданд".
Дар ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев аз СПАД кӯмаки низомӣ хост ва неруҳои ин созмон дар ором кардани вазъи Қазоқистон кӯмак расониданд. Ҷомеаи Қазоқистон ин дархости Тоқаевро интиқод кард.