Маълум нест, ки оё ҷониби Тоҷикистон ҳам ин қазияро, ки як рӯз баъди ҳодисаи навбатӣ дар марз ва куштори як сарбоз аз тири низомиёни қирғизистонӣ дар ноҳияи Исфара нашр шудааст, таҳқиқ мекунад ё на.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон бо нашри як хабар рӯзи 15-уми июн иддао кард, ки як корманди милисаи Тоҷикистон бо беш аз 33 килограмм маводи мухадир дар ҳудуди вилояти Ботканд боздошт шудааст. Дар гузориши видеоии вазорат чеҳраи гумонбари боздоштшуда ва ҳам кормандони ҳифзи қонуни дар ин амалиёт иштироккарда сиёҳ карда шуда, танҳо чанд чизе нишон дода шудааст, ки гӯё ба шаҳрванди Тоҷикистон будани ӯ ишора мекунад. Аз ҷумла, шаҳодатномаи корманди милиса ва рақами шаҳодатнома, халтаи орде, ки дар он гӯё маводи мухаддир ҷой доштааст, бо ҳарфҳои тоҷикиву мансуб буданашон ба Тоҷикистон ишора мекунанд.
Бино ба хабари мақомоти интизомии Қирғизистон, дар амалиёти мақомоти ҳифзи қонун ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Мақомоти Қирғизистон яке аз онҳоро созмондиҳандаи гурӯҳ бо номи О.А., соли таваллудаш 1960 ва дигареро узви гуруҳ - сержанти калони милитсия И.М., таваллудаш соли 1982 муаррифӣ кардаанд. ВКД-и Қирғизистон гуфтааст, ки боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи мувақатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар хабари мақомоти Қирғизистон бисёр саволҳо беҷавоб мемонанд, аз ҷумла, гуфта нашудааст, ки ин боздошт дар кадом мавзеи Ботканд ва дақиқан дар кадом сана сурат гирифтааст. Аз рӯи сарулибоси нафароне, ки дар ин навори видеоӣ дида мешаванд, гумон кардан мумкин аст, ки ҳодиса на тобистон, балки дар мавсими сарде рух додааст. Пурсиши беҷавоби дигар ин аст, ки то куҷо ҳодисаи боздошти гӯё ходими милисаи Тоҷикистон ба моҷарои дирӯзаи марзӣ рабт дорад, ки дар он як сарбоз куштаву чанд низомии дигари тоҷик маҷрӯҳ шуданд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин хабар огоҳӣ надорад ва сиҳатии он хабарро тасдиқ ва рад накард. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомҳои дигари Вазорати корҳои дохилӣ бенатиҷа буд. Дар ҳоле, ки чанд нафарашон аз ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд, як нафар гуфт, ки дурустии хабарро месанҷанд ва танҳо баъди ин изҳори назар мекунад.
Хабари боздошти корманди милисаи тоҷик бо гумони қоҷоқи маводи мухаддир дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳодисаи нав нест. Шаш сол қабл як корманди милисаи тоҷик бо номи Муродалӣ Иброҳимов дар Қирғизистон бо маводи мухаддир боздошт шуда буд, вале Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки ин корманди милиса як моҳ қабл аз боздошташ бо фармони вазир “бинобар кирдори ношоиста, паст задани шаъну шарафи кормандони мақомоти корҳои аз мақомоти корҳои дохилӣ таҳти №30 аз 9-уми феврали соли 2016 озод карда шудааст”. Мақомоти Қриғизистон монанд ба боздошти имрӯз шаҳодатнома ва рақами шаҳодатномаашро ба нашр расонида буданд, вале номаш сиёҳ карда шуд. Дар ин хабар маҳалли боздошти ӯ зикр шуда буд.
Ба иттилои расмии Хадамоти зидди маводи мухаддири Қирғизистон, соли 2015 аз ҷониби ходимони ин сохтор 11 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави Қирғизистон боздошт шудаанд.
Ҳодисаи ахир дар ҳоле рӯй медиҳад, ки равобити сиёсии миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар беш аз 30 соли истиқлолият ба поинтарини сатҳи беэътимодӣ фаромадааст. Муноқишаи пурхушунати серӯзаи поёни моҳи апрели соли 2021, ки бо куштаву захмӣ шудани даҳҳо сокини мулкиву низомиён аз Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷомид, нуқтаи авҷи баҳсҳои марзии ду ҳамсоя гардид.
Бо вуҷуди талошҳои зоҳирии мақомоти давлатии ду кишвар ба музокираву ҳалли ин бӯҳрон, дар беш аз як соли баъди ин ҳодисаҳо муносибатҳо зиёд тағйир накард ва мизони нобовариву беэътимодӣ ба ҳамдигар боқӣ мемонад.
Тоҷикистону Қирғизистонро беш аз 970 км хати марз аз ҳам ҷудо мекунад, вале ҳалношуда мондани мақоми баҳсии беш аз нисфи ин қаламрав баҳсу муноқишаҳоро дар солҳои охир шиддат бахшидааст. Бархе таҳлилгарон тасмиму изҳороти авомфиребонаву популистии раҳбарони сиёсиро як далели дигари амиқтар шудани бӯҳрон дар муносибатҳои ду ҳамсоя меноманд.