Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марзбони тоҷикро барои куштани ҳамхидматаш зиндонӣ карданд


Хабарро Додситонии кул рӯзи 14-уми июн нашр кард
Хабарро Додситонии кул рӯзи 14-уми июн нашр кард

Додгоҳи ҳарбӣ дар Хуҷанд як сарбози нерӯҳои марзбониро бо гуноҳи “қасдан ба қатл расондани ҳамхидматаш” ба 10 сол ва сардори дидбонгоҳи “Нуробод” дар ноҳияи Деваштичро ба 1 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар хабаре, ки рӯзи 14-уми июн дар сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон нашр шуд, гуфтаанд, ҳодиса 16-уми январи имсол дар дибонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Деваштич рӯй дод. Ҳукмро моҳи майи имсол эълон кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, посбони дидбонгоҳ Муҳаммадҷон Исоев бо истифода аз силоҳи “Калашников 74” ҳамхидматаш Қурбонзода К.С-ро “аз масофаи наздик ба сараш як тир зада, ба ҳалокат расонд”.

Додситонӣ навиштааст, Исоев ин корро бе сабаб кард ва айни замон афсари марзбонӣ Фарҳод Довутиевро ба бепарвоӣ гунаҳкор намудааст.

Назари пайвандони сарбозу афсари маҳкумшуда ва ҳам сарбози кушташуда ба қазия ва ҳукм маълум нест.

XS
SM
MD
LG