Дар вилояти Суғд ду соҳибкорро барои парвариши 400 хук дар наздикии заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷазо додаанд.
Мақомот рӯзи 10-уми июн гуфтанд, дар оғоз ба зидди Даврон Мустафоев ва Насим Дӯстматов парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аммо дертар онро ба ҷарима иваз карданд.
Ҳарду соҳибкор дар маҷмуъ зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ пардохтаанд.
Ин пул барои барқарор кардани замине, ки аз партови хукҳо зарар дидааст, сарф хоҳад шуд.
Насим Дӯстматовро соли гузашта бо гуноҳи "ифлос кардани дарёи Сир" дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба якуним сол кори ислоҳӣ маҷбур карда буданд.
Вай гуфта буд, аз ночорӣ хук мепарварад, чун кори дигар надорад. Баъдан хукҳояшро ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯчондааст.
Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусулмон ҳастанд, аз хӯрдани гӯшту равғани хук парҳез мекунанд, ҳарчанд шумораи ками одамон онро барои муолиҷа истифода мебаранд.
Моликони фермаи хукпарварӣ мегӯянд, талабгорони онҳо асосан коргарони чиниҳо ҳастанд. Ҳазорҳо шаҳрванди Чин дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони иншооти муҳим дар Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаи шимоли кишвар, кор мекунанд.