Бо идомаи ҷанги Русия дар Украина, афзоиши таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Русия ва тарки ин кишвар кардани ширкатҳои хориҷӣ аҳволи иқтисоди Русия торафт бадтар мешавад. Мардум ҳам батадриҷ оқибатҳои ин ҷангро бештар эҳсос мекунанд ва бахусус дар буҷаи хонаводаи худ.
Қиматҳо дар муддати камтар аз се моҳ бисёр боло рафтанду бекорӣ ҳам зиёд шудааст. Мағозаҳо дар Маскав мисли рӯзҳои пеш аз ҷанги Русия дар Украина муштарӣ надорад. Теъдодашон камтар шудааст. Мамад Мамадов - фӯрушанда: “Бале қиматҳо боло рафтанд. Соли гузашта назар ба имсол арзонтар буданд. “
Мардуми оддӣ, ки ба сабаби ҷангу таҳримот ранҷ мекашанд, мегӯянд, ки дар андешаи сарфаҷӯӣ шудаанд. Павел, яке аз муштариёни мағоза мегӯяд: “Дигар бояд сарфаҷӯӣ кунем. Бояд бо назардошти ояндаи дур харҷ кунем.” На танҳо муштариёни оддӣ, балки тоҷирони Русия ҳам ранҷ мекашанд. Олга низ фурӯшанда аст ва мегӯяд: “Медонед, барои ояндаи дур барномарезӣ карда наметавонед.”
Баъди оғози таҷовузи Русия ба Украина, ширкатҳои хориҷии зиёде аз Русия рафтанд. Ширкати азими Макдоналдс Русияро монду рафт. Ширкати мошинсозии фаронсавии Ренолт ҳам бо вуҷуди сармоягузории бузург аз идомаи кор дар Русия даст кашид. Ҳамаи ин ба гуфтаи иқтисоддонҳо аҳволи иқтисоди Русияро бадтар мекунад.
Крис Вифер, таҳлилгари иқтисоди Русия: “Вазъи соҳаҳои зиёди иқтисод бадтар мешавад. Ширкатҳо мегӯянд, ки абзору таҷҳизоти заруриашон тамом мешавад. Ширкатҳо соатҳои кориро кам мекунанд, дигаронаш мегӯянд, мумкин аст, ба тамом корро қатъ кунанд. Бими он вуҷуд дорад, ки бекорӣ дар тобистон авҷ мегирад ва тақозову фурӯши мол ва сармоягузорӣ бисёр кам мешавад. “
Дар ин ҳол ба гуфтаи мутахассисон, кордиҳандаҳои рус аввал аз кормандони хориҷӣ ва бахусус муҳоҷирони корӣ даст мекашанд, ки тоҷикон ҳам дар байнашон зиёд аст. Ҳушдори коршиносон ин аст, ки вазъ шояд аз ин ҳам бадтар мешавад.
Крис Вифер, таҳлилгари иқтисоди Русия: “Агар шумо дар фурӯшгоҳҳои Маскав қадам занед, ширкатҳои хориҷии либосфурӯшӣ дарҳояшонро бастаанд, ҳарчанд рафҳояшон пур аст. Чароғҳояшон рӯшан аст. Яъне ҳоло комилан нарафтаанд. Мунтазиранд, ки бубинанд, чӣ мешавад. Мо ҳоло ба марҳилае расидем, фурсат ва ё сабри ширкатҳо ба поён мерасад.”
Поёни сабри онҳо ҳам ба маънии поён ёфтани қарордоди корӣ бо ҳазорон нафар ва афзудани бекориву бепулӣ дар Русия аст, ки бештар аз 50 рӯз аст, ҷангро дар Украина идома медиҳад.