Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 7-уми июн бастаи иловагии ёриҳоро ба Украина ба маблағи 1,49 миллиард доллар тасдиқ кард. Ин пул на барои ниёзҳои низомӣ, балки барои пардохти маоши кормандони давлатӣ ва бахши иҷтимоӣ харҷ хоҳад шуд.
"Бонки Ҷаҳонӣ барои пуштибонӣ аз Украина ва сокинони он дар замони ҷанг ба қабули чораҳои фаврӣ идома медиҳад," -- гуфт Дэвид Малпасс, президенти Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ.
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозааш пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди Русия дар соли равон қариб 9 дарсад кам мешавад.
Дар пайи ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар моҳи феврали имсол, кишварҳои Ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Дар пайи ин таҳримҳо садҳо ширкат корашонро дар Русия бас карданд.