Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллиро аз мақомаш сабукдӯш кардааст.
Дар ин фармон, ки рӯзи 10-уми июн дар вебсайти расмии президент нашр шуд, омадааст, ки Ҷамолиддин Нуралиев "бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад."
Ҷамолиддин Нуралиев 7 сол пеш муовини якуми раиси Бонки миллӣ таъйин шуда буд. Ӯ, ки қаблан дар мақомҳои дигари ҳукуматӣ кор кардааст, аз афроди муҳим ва яке аз сиёсатгузорони иқтисод дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Маълум нест, ки Ҷамолиддин Нуралиев ба кадом мақоми дигар таъйин шудааст ва ё барои кор хоҳад рафт. Ӯ 44 сол дорад ва шавҳари Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақоми раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.