Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бонки Миллӣ ҷузъиёти афви пулу дороиҳоро шарҳ доданд


Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Бонки Миллии Тоҷикистон дар як нишаст бо иштироки намояндагони бонкҳои кишвар ҷузъиёти афви дороиҳо ва маблағҳоро шарҳ дод.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллӣ ва домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми август дар нишаст гуфт, ҳадаф аз афви пул ва дороиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон "ворид шудани сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ-бонкӣ ва ба ин васила бештар гардидани маблағгузориҳо ба бахши иқтисод аст."

Мақомот дар Тоҷикистон интизор доранд, ки бо эълони афви дороиҳо шахсоне, ки молу маблағҳояшон ба иборае зери болишт ниҳон аст, ба маҷрои қонунӣ дароварда, ба ин васила сатҳи иқтисоди пинҳонӣ коҳиш меёбад.

Умеди мақомот аз қонуни афв дар ҳолест, ки иддае ба ворид шудани миллионҳо сомонӣ ба иқтисоди кишвар дар пайи афви амвол шубҳа доранд. Коршиносон мегӯянд, ба гумон аст, ки ҳамаи шаҳрвандон ба мақомот бовар карда, амволи пинҳонии худро ошкор ва қонунӣ кунанд.

Дар 30 соли истиқлол дар Тоҷикистон бори дувум аст, ки афви молу амвол сурат мегирад. Пеш аз ин Тоҷикистон соли 2007 чунин маъракаро гузаронда буд.

XS
SM
MD
LG