Яке аз ду низомии қирғизистонӣ, ки дар тирпарронии рӯзи 3-юми июн дар марз бо Тоҷикистон захмӣ шуданд, баъди ҷарроҳӣ дар шуъбаи эҳё бистарӣ аст.
Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар доданд. Захмиҳо барои идомаи табобат рӯзи 4-уми июн ба шаҳри Бишкек бурда шудаанд.
Афсар Б.Суйунбек уулу, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати пӯшидаи мағзи сар, зарбаи мағзи сар бардошта, сутунмуҳрааш шикаста аст.
Сарбози дигар З. Ҷалилов, соли таваллудаш 2000, захми косахонаи сар, гардан, қафаси сина, китфи чап бардоштааст. Вазъи вай вахим арзёбӣ мешавад ва ӯро ҷарроҳӣ кардаанд.
Рӯзи 3 июн дар минтақаи Булак-Башии ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки бо Ворухи Тоҷикистон ҳаммарз аст, миёни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифт. Дар натиҷаи ин тирпарронӣ ду низомии Қирғизистон захм бардоштааст.
Расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки як марзбони тоҷик низ захмӣ шудааст.