Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳисобҳои пешакии оқибатҳои селу жола дар Ашт. ВИДЕО


Бар асоси маълумоти пешакӣ, дар пайи боронгариҳо ва омадани сел дар ноҳияи Ашт, тахминан 8 километр роҳ қисман вайрон шуда, 13 пул пурра хароб шудааст. Арзёбии оқибатҳои селу борон ҳанӯз идома дорад.

Сокинон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди нисфирӯзии 30-юми май шоҳиди бориши сахти борону номусоидии ҳаво шуданд.

Ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар 400-километрии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст. Тақрибан ҳар сол дар баҳору тобистон ба сабаби “бедодгариҳои табиат” сокинони баъзе деҳаҳо бе роҳ ва гоҳе бе хонаву дар мемонад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳафтаҳои охир дар чанд гӯшаи кишвар бинобар номусоидии ҳаво, борону барфу жола боғу роҳҳо ва манзили хароб кардааст.

Офати табиӣ дар ноҳияи Ашт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

XS
SM
MD
LG