Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) изҳори омодагӣ кардаанд, ки дар сурати "шиддатёбии вазъи амниятӣ дар сарҳади Афғонистон" ва "таҳдид ба марзҳои ҷанубии созмон" ба Тоҷикистон ҳама гуна ёриҳоро хоҳанд расонд. Гуруҳи "Толибон" баъди бист сол дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст. Ҳарчанд намояндагонаш гуфтаанд, қасди ҳамла ба ҳамсояҳоро надоранд, нигарониҳо аз таҳдиди он сӯйи Ому побарҷост.
Дигаргуниҳо дар Афғонистон яке аз мавзуъҳои калидии нишасти вазирони умури хориҷӣ, дифоъ ва сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СПАД дар шаҳри Душанбе буд. Нишаст 15-уми сентябр баргузор шуд.
Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, дар Душанбе гуфт: "Тасмими мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ва орӣ аз терроризму ҷанг ва маводи мухаддир шудани ин кишвар дастгирӣ ёфт. Аъзои созмон барои пуштибонӣ аз талошҳои байнулмилалӣ барои таъмини суботу рушди Афғонистон зери роҳбарии Созмони Милал низ изҳори омодагӣ карданд."
Вай афзуд, дар нишаст тасмим гирифта шудааст, ки қадамҳои баъдии СПАД ба вазъи марзҳои Тоҷикистон ва таҳаввулоти Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфт, кишвараш ҳоло мушоҳида дорад, ки ҳукумати “Толибон” то куҷо ваъдаҳои худро дар Афғонистон ва ҳам таҳдид накардан ба кишварҳои Осиёи Миёна иҷро мекунад.
"Мо ба “Толибон” чизеро таҳмил намекунем, ҳеч гуна шарт ҳам. Онҳо ҳадафҳои худро эълон карданд, аз ҷумла ҷонибдорӣ аз мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир. Ба ҳама бовар доданд, ки аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ягон таҳдид намешавад... Мо ба мисли бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҳадафҳои онҳо истиқбол кардем ва феълан назорат дорем, ки онро чӣ гуна дар зиндагӣ амалӣ мекунанд", -- шарҳ дод вазири корҳои хориҷии Русия.
Дар ҳоле ки ҳамеша дар расонаҳо аз беамалии СПАД танқид мешавад, коршиносони тоҷик мегӯянд, дар шароити ҳозира кишварҳои узв дар мавриди Афғонистон мебоист мавзеъгирии ҷиддие мекарданд, зеро амалан хатар ба амнияти онҳо низ вуҷуд дорад.
Ба қавли Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа, “кишварҳои узви СПАД дар мавриди Афғонистон, ба сурате ки вазъияти имрӯз тақозо мекунад, мавқеи муштарак надоранд. Аз баёнияи дабири кулли созмон, ки шоҳидаш будем, ин нукта эҳсос мешуд.”
Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки шояд рӯзи 16-уми сентябр дар нишасти сарони кишварҳои узв дар мавзӯи Афғонистон баҳсу натиҷаи ҷиддитаре сурат бигирад.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро соли 1992 таъсис доданд ва феълан Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви онанд. СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастаҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст", вале онро як созмони зери нуфузи Русия меноманд.