Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ авзоъи ноороми Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 13-уми май хабар дод, ки сарони ду кишвар ҳангоми суҳбат “ҷараёни рушди ташвишовари вазъият дар Афғонистон ва вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.”
Ба гуфтаи дафтари матбуот, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ гуфтугу кардаанд.
Суҳбати телефонии ду раҳбар чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки ҳалқаи Хуросони гуруҳи ДОИШ эълон кард, ба хоки Тоҷикистон 7 мушак партоб кардааст. Ҳарчанд мақомоти расмӣ гуфтанд, тирҳо тасодуфан ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд, вале бо вуҷуди ин неруҳои марзбониро ба ҳоли омодабоши комили ҷангӣ даровардаанд.