Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро қимати орд дар Тоҷикистон боз боло рафт? ВИДЕО


Орд яке аз маҳсулоти аслии хӯрданӣ дар Тоҷикистон аст.
Орд яке аз маҳсулоти аслии хӯрданӣ дар Тоҷикистон аст.

Нархи орд дар Тоҷикистон боз боло рафт. Рӯзи 13 май як халта орди истеҳсоли Тоҷикистон дар бархе аз фурӯшгоҳҳо то 350 сомонӣ ва орди навъи аъло, ки аз Қазоқистон ворид мешавад, то 380 сомонӣ қимат дошт.

Мақомот ин афзоишро ба кам шудани орди воридотӣ аз Қазоқистон рабт медиҳанд. Як халта орди 50-килограмӣ ҳанӯз ду се рӯз пеш аз 320 то 330 сомонӣ буд. Орд яке аз маҳсулоти асосии хӯроквории хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст ва боло рафтани нархи он бештар аз ҳама ба ҷайби оилаҳои камбизоат зарба мезанад.

Фазлиддин Исмоилов, як сокини Душанбе, ки ба бозор барои харид омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз аввали сол бори дуввум аст, қимати орд боло меравад, вале даромади ӯ тағйир наёфтааст. Ӯ афзуд: “Мо ордро 380 сомонӣ харидем. Мехоҳем, орд арзонтар шавад, ки барои халқ сабуктар бошад. Имконият бошад, арзон шавад. Ду линча мехарем.»

Чаро қимати орд дар Тоҷикистон боз боло рафт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Мақомот сабаби афзоиши нархи ордро ба маҳдудиятҳо дар содироти он аз сӯи Қазоқистон рабт медиҳанд. Тоҷирон гуфтанд, ҳоло дар дӯконҳояшон танҳо орди истеҳсоли Тоҷикистонро ба фурӯш гузоштаанд. Зуҳур Фозилов, ки дар як бозори Душанбе орд мефурӯшад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло орди “Қазоқистон надорем. Гаронтар аст. Орди 380 сомонӣ, 350 сомонӣ буд. Орди 335 сомонӣ, ҳозир 350 шуд, то 15 сомонӣ фарқ дорад, аз нархи пешина.

Фурӯшандаҳо таъкид мекунанд, ки агар як сабаби гаронии орд коҳиши воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷ бошад, омили дигараш мавсимист, чун ҳар сол дар ҳамин вақт, гандум дар анборҳои кишвар тамом ва ё кам мешавад.

Зуҳур Фозилов: “Сабаби қиматшавӣ кам шудани гандум аст. Ҳар сол ҳамин аҳвол аст, вақте гандум тамом мешавад, то гандуми нав шудан ҳамин аҳвол аст. Ҳар сол 10 то 15 сомонӣ боло меравад, то расидани гандуми нав як ё якуним моҳ ҳаминхел мешавад.”

Рӯзи 13-уми май дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон афзоиши нархи ордро тасдиқ намуда ва гуфтанд, ки яке аз сабабҳои он, маҳдудиятҳои нав дар содироти он аз тарафи Қазоқистон аст. Аз ин ниҳод гуфтанд: “Нархи як тонна гандуми содиротии Қазоқистон то 365-385 доллар аз сӯи Қазоқистон боло рафт. Чунин маҳдудият муваққатист, вале набояд фаромӯш кард, ки ба ин раванд нооромиҳо миёни Русияву Украина низ таъсир гузоштааст".

Тибқи иттилои расмӣ, солона ба Тоҷикистон наздики як миллион тонна гандум ворид мешавад, ки беш аз 99 дарсади он ба Қазоқистон рост меояд ва ин кишвар қаблан хабар дода буд, ки дар мавриди содироти орду ғалла маҳдудиятҳо ҷорӣ карданист. Аз аввали соли ҷорӣ ин бори дуюм аст, ки арзиши орд боло меравад.

XS
SM
MD
LG