Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз низоъ, таҳрим ва болоравии нархҳо гуфт, вале...


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҳрим ва гаронии нархҳо нигаронӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон 14-уми апрел дар Панҷакент гуфт, “бар асари низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ, таҳримҳои молиявӣ, инчунин, идома ёфтани пандемияи COVID-19, мушкилоти глобалии гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии он дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт мушкил гардид.” Аммо ӯ мушаххасан аз ягон низоъ ном набурд.

Кишварҳои ғарбӣ ба далели ҳамлаи беасоси Русия ба Украина алайҳи Маскав таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Таъсири ин таҳримҳоро кишварҳои ҳампаймони Русия, аз ҷумла Тоҷикистон, низ эҳсос карданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми апрел гуфт, “нархи тамоми навъҳои молу маҳсулот ва дар навбати аввал маҳсулоти озуқаворӣ қариб дар саросари ҷаҳон ба таври бесобиқа боло рафта истодааст.”

Ӯ дар бораи гаронии нархҳо дар Тоҷикистон чизе нагуфт. Танҳо аз мардум даъват кард, ки заминҳои дар ихтиёр доштаашонро самарбахш истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардумро ба захираи дусолаи ғизо даъват кард, ҳарчанд баъзе аз сокинон гуфтанд, имкони чунин корро надоранд.

Давоми як моҳи ахир нархи чандин маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон, аз ҷумла орд, равған ва шакар гарон шуд. Тоҷирон инро ба болоравии қурби доллар рабт доданд, вале иддае баҳонае беш намедонанд.

XS
SM
MD
LG