Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тири тасодуфӣ" роҳи боркашии байни Тоҷикистону Афғонистон баст


Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз соли 2021
Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз соли 2021

Пас аз гузоришҳо дар бораи сар додани чанд мушак аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон, ки мақомот онро расидани "тирҳои тасодуфӣ" номиданд, гузаргоҳи Панҷи Поён, роҳи асосии боркашонӣ миёни ду кишвар, муваққатан баста шудааст. Ронандагони тоҷик мегӯянд, се рӯз боз на ба он тараф гузашта метавонанд ва на мошинҳои боркаши худро аз Афғонистон оварда.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳоло дар ин бора шарҳе надодаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон, рӯзи 12-уми май гуфт, масъалаи қатъи равуо тавассути гузаргоҳи Шерхон Бандарро таҳқиқ мекунанд.

Як ронандаи тоҷик, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва баръакс бор мекашонад, рӯзи 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкил дар гузаштани сарҳад аз нӯҳуми май сар шудааст. Ба гуфтаи ронанда, ки нахост номаш зикр шавад, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон семент бурданд, вале дар роҳи бозгашт масъулони посгоҳи Шерхон Бандар иҷозаи гузаштан надоданд.

"Сементҳоро холӣ карда, мехостем ба Тоҷикистон гузарем, кормандони Шерхон Бандар намонданд. Як рӯз истодем. Баъд маҷбур шудем, мошинҳоямонро монда ба Тоҷикистон гузарем. Се рӯз мешавад, мунтазирем, ки занг зананд, то рафта мошинҳоро гирем," -- афзуд ронанда.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар бораи баста шудани гузаргоҳи Панҷи Поён расман хабар надодааст. Танҳо як масъули идораи гумрук дар Хатлон хабари муваққатан баста шудани гузаргоҳро тасдиқ кард. Ҳамсуҳбати мо гуфт, сабаби баста шудани гузаргоҳи Панҷи Поён ва ҳамин тавр кай боз шуданаш маълум нест.

Ронандагони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар ҳарду тарафи сарҳад мошинҳои зиёди боркаш дармондаанд.

Тавассути гузаргоҳи Панҷи Поён – Шерхон Бандар аз Тоҷикистон ба Афғонистон семент ва ангишт бурда мешуд ва аз он тараф маҳсулоти кишоварзӣ меоварданд. Ин гузаргоҳ ҳамчунин яке аз роҳҳои асосии транзитӣ барои мошинҳоест, ки ба Эрон маҳсулот мебаранд ё бор меоранд.

Гузаргоҳи Панҷи Поён дар рӯзҳое баста шуд, ки аз ҳудуди Афғонистон ба Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомот, "чанд тир тасодуфан" расид. Мақомот гуфтанд, пас аз ин ҳодиса нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабошии ҷангӣ гузаштанд. Шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) рӯзи 7-уми май иддао кард, ки ба самти Тоҷикистон чанд мушак партофтааст.

На Тоҷикистон ва на Толибон, ки ҳоло ҳукуматро дар Афғонистон дар даст дорад, изҳороти ДОИШ-ро тасдиқ накарданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр сарҳад дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

XS
SM
MD
LG