Баъзе аз расонаҳо ва бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 7-уми май дар бораи "ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон" хабар доданд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз тасдиқ ё рад накарданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар минтақаҳои наздик ба сарҳади Афғонистон гуфтанд, дар бораи ҳодиса хабар надоранд.
Хабаргузории "Омоҷнюз" шоми 7‑уми май иттилоъ дод, ки аз ноҳияи Хоҷа Ғори Тахори Афғонистон аз болои як мошин ба хоки Тоҷикистон мушак сар додаанд. Ба навиштаи ин расона, ба дунбол "нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба сӯи Афғонистон шиллик карданд ва ҳанӯз ҳам вазъият ба ҳоли одӣ барнагаштааст."
Ноҳияи Хоҷа Ғори Афғонистон бо ноҳияи Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ҳамсарҳад аст. Манобеи Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии ду ноҳия гуфтанд, ки чунин хабаре нагирифтаанд.
Баъзе аз расонаҳои дигар бо такия ба ин хабаргузорӣ ва ҳамчунин манбаъҳои маҳаллӣ партоб шудани аз ду то ҳафт мушакро ба хоки Тоҷикистон гузориш кардаанд.
Бахши форсии “Independent” дар Твиттер нигошт, ки "шахсони мусаллаҳи ношинос аз вилояти Тахори Афғонистон ба самти хоки Тоҷикистон ҳафт мушак шиллик карданд. Як манбаи огоҳ гуфт, ҳамла бо мушак ба хоки Тоҷикистон кори нерӯҳои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аст."
Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки маълумоти расидаро аз густариши фаъолияти "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон меомӯзанд.
Дар бахши афғонии шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шудаанд, ки гуё аз маҳалли мушакандозӣ бардошта шудаанд. Муаллифон мегӯянд, мошини Toyota, ки аз бордони он ба тарафи Тоҷикистон оташ кушода шуд, дар натиҷаи оташи ҷавобии марзбонони Тоҷикистон сӯхта, вале ҳамлаварон осеб надидаанд.
То ин лаҳза ҳеч гуруҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале бархе аз нозирон онро ба гуруҳҳои террористие монанди "Ҷундуллоҳ" ва ДОИШ рабт додаанд.
Аз ин пеш хабарҳое нашр шуда буд, ки аз хоки Афғонистон ба Узбекистон ҳамла сурат гирифтааст. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар наворе иддао кард, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёнаш аст. Ҳукумати Толибон ва мақомоти Узбекистон хабарро дурӯғ номиданд.
Рӯзи 4‑уми май низ дар бораи кушта шудани як марзбони узбек аз тире, ки аз сӯи Афғонистон парронда шудааст, хабар нашр шуд. Толибон ва мақомоти Узбекистон онро ҳам рад карданд. Аз он пеш дар бораи як ҳамла ба марзбонони Туркманистон низ хабар расида буд.
Толибон моҳи августи соли 2021 дигарбора Афғонистонро тасарруф карданд. Кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаронанд, ки зери ҳукумати Толибон гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар фаъол шудаанд. Ҳокимони нави Афғонистон инро рад мекунанд.