Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар орзуи қишлоқи тилоӣ. Ёдворае аз корномаи Мирсаид Миршакар. ВИДЕО


Мирсаид Миршакар
Мирсаид Миршакар

Муаллифи шеърҳои машҳури кӯдакона ва раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистони Шӯравӣ, Мирсаид Миршакар, рӯзи 5-уми май 110-сола шуд. Бисёриҳо ӯро марди шӯхтабиату дилсӯз ва ҳомии дигарандешон ба ёд меоранд. Бархеи дигар мегӯянд, дар замони раҳбарии ӯ нависанд Сотим Улуғзода барои фирори писараш аз Иттиҳоди Шӯравӣ зери фишор қарор гирифта буд.

"Поягузори адабиёти кӯдакона"

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик, мегӯяд, "устод Миршакарро поягузори адабиёти касбии бачагонаи тоҷик ҳисоб кардан мумкин аст. Дар баробари насру назм ва драмнависӣ, адабиёти бачагона як шохаи махсус ба шумор меравад."

Корномаи Мирсаид Миршакар дар солҳои 30-юми қарни бист аз рӯзноманигорӣ сар шудааст. Хабарнигори "Комсомоли Тоҷикистон" буд ва дертар нашрияҳои "Зарбдори Вахш" ва "Васияти Ленин"-ро сарварӣ кард.

Абдураҳмон Абдуманнонов
Абдураҳмон Абдуманнонов

Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдуманнонов, вақте сохтмони обёрии Вахш шуруъ шуд, Мирсаид Миршакар ба унвони муҳаррири рӯзномаи "Зарбдори Вахш" ба онҷо рафт ва андак-андак шеър ҳам менавишт. Сипас, якбора асарҳои нисбатан калонтареро ба мисли "Байрақи зафар", "Дашти лаванд" ва достонҳои дигарро эҷод кард ва дар назми адабиёти Шӯравӣ мавқеи рӯшан ишғол кард.

Достонҳои маъруфи "Қишлоқи тиллоӣ", "Ленин дар Помир" ва "Панҷи ноором" Миршакарро дар Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур карданд. Мероси адабии ӯ шеъру ҳикояҳои кӯдакона, намоишномаву филмномаҳои зиёд, як қиссаи илмию тахайюлӣ ва тарҷумаи осори адибони Шӯравӣ ташкил медиҳад.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, мегӯяд, Мирсаид Миршакар дастикам 13-14 достон дорад ва ин достонҳо силсилавӣ ҳастанд. "Байрақи зафар" дар бораи корнамоиву қаҳрамониҳои мардум дар Вахш суҳбат мекунад. Достони "Ленин дар Помир", яъне идеяҳои наве, ки барои мардум лозим буданд. Ё ин ки "Қишлоқи тиллоӣ" дар бораи заҳмати мардуми мо дар гузашта ва расиданаш ба ободонӣ," -- шарҳ дод ӯ.

Достони видеоиро дар инҷо бинед:

Ёдворае аз корномаи Мирсаид Миршакар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:58 0:00

Пушаймонӣ. Нома ба Улуғзода

Ҳукумати Шӯравӣ аз рушди адабиёт пуштибонӣ мекард, вале онро бештар барои таблиғи ғояҳои коммунистӣ, бартарӣ ва дастовардҳои низоми сотсиалистӣ истифода менамуд. Он адабиётро силоҳи идеологии худ медонист ва ҳизбӣ буданашро талаб мекард. Адибоне, ки дар ин самт талоши бештар нишон медоданд, имтиёзи бештар мегирифтанд.

Мирсаид Миршакар 14 сол, аз соли 1961 то соли 1975, раиси Шӯрои олии Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Дар ин давра баъзе аз адибони тоҷик, аз ҷумла Сотим Улуғзода, барои фирори писараш аз Иттиҳоди Шӯравӣ зери фишор қарор гирифт. Ӯро дар ҷаласае таҳти сарварии Миршакар аз ҳизб ва маҳфили адибон ронданд. Баъдан Миршакар аз ин амал пушаймон шудааст.

Ато Мирхоҷа
Ато Мирхоҷа

Ато Мирхоҷа мегӯяд, "дар номае ба Улуғзода навиштааст, ҳамчун шахси мансабдор маҷбур будам ин корро кунам, вале пинҳонӣ ба тарафдории худат фалон одамҳоро тайёр кардам, ки сухан гӯянд. Медонист, решаи воқеаҳое, ки бар сари Улуғзода омада буд, маълум нест. Шояд инро ташкил кардаанд. Ӯ медонист, ки Улуғзода кӣ аст. Мирсаид Миршакар дар нома аз Улуғзода узр пурсидааст."

Пуштибонӣ аз Бӯринисо Бердиева

Ин воқеа низ дар таърих мондааст, ки Миршакар ҳамчун узви Бюрои сиёсии Ҳизби коммунист аз сармуҳарири саркаш Бӯринисо Бердиева ҳимоят кардааст, ки рӯзномаи "Маориф ва маданият"-ро ба пойгоҳи дигарандешон ва сипаре зидди фарҳангзудоии Шӯравӣ табдил дода буд. Вай шоирона гуфта буд, Бӯринисо, яъне "бурная нисо", зани тӯфонист ва барои ҳақиқат садои бӯронӣ баланд мекунад.

Мирсаид Миршакар
Мирсаид Миршакар

Ҳарчанд Миршакар саргузашти худро аз Ҳизби коммунист ва таърихи кишвараш ҷудо намедонист ва маҷбур буд, дастурҳои ҳизбро амалӣ намояд, солҳои охири умраш бештар ба фарҳанги Шарқ рӯ овард, дар бораи Ҳиндустон навишт ва эҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро ба хонандаи тоҷик муаррифӣ намуд. Ашъореро, ки на танҳо ба адабиёт, балки ақидаҳо дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ гузошт.

Бо ин ҳама масъулиятҳои бузурги давлатӣ ва адабӣ, фарзандони Миршакар мегӯянд, падарашон дар тарбия ва роҳи интихобкардаи ояндаи онҳо саҳм доштааст. Ҳарчанд мегӯянд, бештари вақт зери тарбияти модар будаанд.

Заррина Миршакар
Заррина Миршакар

"Ҳама чизи хубро сармоягузорӣ карданд. Таваҷҷуҳ, дониш, хайрхоҳӣ ба одамон, масъулият, интизом. Мо кӯшиш мекунем, корҳои тарбиявии он касро амалӣ кунем," -- мегӯяд Зарина Миршакар, духтари Мирсаид Миршакар.

Мирафзал Миршакар, писари Мирсаид Миршакар ҳам мегӯяд, онҳо аз падарашон рафтору кирдор ва муомила бо аҳли хонавода ва атрофиёнро ёд гирифтанд.

Мирсаид Миршакар солҳои охири умр аз бемории қанд азоб мекашид ва нобино шуда буд. Ба қавли наздикон, дар ҳамин ҳолат ҳам кумаки молии чандин нафарро рад кард. 1-уми августи соли 1993 дар 81-солагӣ дар манзилаш дар Душанбе фавтид.

Миршакарро дар паҳлӯи бузургони фарҳангу адабиёти тоҷик дар оромгоҳи Лучоб дар ҳоле ба хок супурданд, ки кишвараш ноором буд ва ҳамоно орзуи қишлоқи тилоиро мекард.

XS
SM
MD
LG