Аз таваллуди Сотим Улуғзода, нависандаи номвари тоҷик, муаллифи “Достонҳои Шоҳнома”, романҳои “Восеъ” ва “Фирдавсӣ” 110 сол гузашт.
Ӯ қисмати қисме аз умрашро дар Маскав гузаронида ва баъд аз фирори писараш ба Бритониё муддате муқими Душанбе шуда буд. Баъд аз вафот ҷасадашро ба Душанбе овардаанд ва дар оромгоҳи “Лучоб” дафн шудааст.
Камбизоат ва соҳибдил
Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони Узбекистон дар хонаводаи кишоварз таваллуд шудааст. Тибқи навиштаи ҳолномаи расмӣ, волидони Сотим Улуғзода аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Баъд аз таҳсил дар донишкадаи Тошканд ба Тоҷикистон омада, муддате дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ кор кардааст. Ҳамзамон Сотим Улуғзода ба навиштани асарҳои илмиву адабӣ машғул мешавад. Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Аз соли 1944 муддати ду сол дар вазифаи раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон низ кор кардааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Метавон гуфт, ки қариб ҳар як ҷавони тоҷик дар замони мактабхонӣ асарҳои мондагори Сотим Улуғзода ба мисли “Субҳи ҷавонии мо”, “Достонҳои Шоҳнома” ва “Ривояти суғдӣ”-ро хондааст.
Хуршед з-осмони Хуросон нарафтааст
Ба гуфтаи Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, Улуғзода дар навиштани қиссаҳои зиндагии инсонҳо беҳамто буд. “Инсонҳои аз хурд то бузург, инсонҳои ҳамсину соли худашон, инсонҳои шиноси худашон, ҳамасри худашон мисли асарҳои Сотим Улуғзода мо асар пайдо карда наметавонем. Медонед чаро? Барои он ки ӯ аз адабиёти рус хеле хуб бохабар буданд”,-- гуфт Гулрухсори Сафӣ ва шеъри ба тозагӣ эҷод кардааш дар васфи Сотим Улуғзодаро қироат кард:
Хуршед з-осмони Хуросон нарафтааст,
Рӯҳи сафои миллати ирфон нарафтааст.
“Шаҳнома”-и нави башар оғоз мешавад,
Аз заррабони Ориён исён нарафтааст.
Сотим Улуғзода дар канори эҷоди асарҳои бадеӣ ҳамзамон машғули пажӯҳиши осори адибони классики тоҷику форс ва тарҷумаи асарҳои адибони рус буд. Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки Сотим Улуғзода ба унвони забондону забонсоз низ шӯҳрат ёфта буд. “Сотим Улуғзода адабиётшинос, мунаққид, Сотим Улуғзода амалан забондон ва як навъ забонсози даврони шӯравӣ буданд. Сотим Улуғзода драмматург, тарҷумон, публитсист. Кадом соҳаи адабиёти мо, васеътар гирем, фарҳанги моро агар назар кунем, нақши Улуғзода дар он ҷо ҳаст”,--гуфт ӯ.
Ба гуфтаи наздиконаш, Сотим Улуғзода то охири умр ба эҷоди асарҳои мондагор ва тарҷумаву драмнависӣ машғул будааст. Ҷамила Мурруватиён, набера ва муҳаққиқи осори Сотим Улуғзода мегӯяд, эҷоди ин асарҳо дар он солҳо ягона манбаи пешбурди рӯзгораш будааст.
Ӯ гуфт: “Он чи ки аз соли 1946 дар ягон ҷо расман кор намекард, ин бисёр чизро нишон медиҳад. Бар ин маънӣ, ки даромади ӯ танҳо аз эҷодиёташ буд. Ин тарҷумаҳову эҷоди асарҳояш буд”.
Зиндагӣ пас аз фирори писараш ба Бритониё
Сабаби дар ҳеҷ ҷой кор накарданашро соҳибназарон ба ҳодисаи фирори писараш Азиз аз Иттиҳоди Шӯравӣ ба Бритониё марбут медонанд. Мақомоти вақти шӯравӣ ва Ҳизби коммунист Сотим Улуғзодаро “падари хоини миллат” унвон карда, ҳатто чопи китобҳояшро маҳудуд карда буданд. Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси тоҷик мегӯяд, дар ҷаласаи Бюрои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мақомот аз ӯ талаб карданд, ки ё аз писараш даст кашад ё аз “билети ҳизбӣ”. Улуғзода дар посух ба ин талаб гуфтааст, ки “ман аз писарам даст намекашам”. Гулрухсори Сафӣ мегӯяд, “он касро аз маъракаҳо берун карданд. Вале, устод касеро айбдор намекарданд. Дар ягон ҷой ҳам зиёд нанавиштанд. Мегуфтанд, ки ман худам ба ин хатогиҳо роҳ додам. Худашон ҳам пушаймон буданд. Номашонро намегирифтанд, ки чӣ кор карданд. Аммо эҳсос мешуд, ки шабҳои бедорхобӣ бисёр доранд”.
Баъд аз ин ҳодиса Сотим Улуғзода танҳо машғули эҷоди асарҳояш шуд ва романҳои мондагори “Восеъ” ва “Фирдавсӣ”-ро офарид. Романи “Фирдавсӣ” соли 1997 “Китоби сол” дар Эрон эътироф ва соҳиби ҷоизаи 4 ҳазор долларӣ шуда буд. Ҳамчунин филми “Қисмати шоир”, ки филмномааш маҳсули навиштаи Сотим Улуғзода буд, соли 1960 дар Ҷашнвораи филмҳои Осиёву Африқо соҳиби ҷоизаи «Уқоби тилоӣ» шуд.
Баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли Сотим Улуғзода дубора ба Маскав кӯч баст ва 25-уми июни соли 1997, ду рӯз қабл аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон дар пойтахти Русия фавтид. Ҷанозаи ӯро ба шаҳри Душанбе оварда, дар оромгоҳи Лучоб дафн карданд.