Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат хомӯш аст. Тасмими ҷонибдорон ва мухолифони “Полки ҷовидон” дар Душанбе


Соли 2019 ҷонибдорони “Полки ҷовидон” дар Душанбе раҳпаймоӣ карда буданд.
Соли 2019 ҷонибдорони “Полки ҷовидон” дар Душанбе раҳпаймоӣ карда буданд.

Ҳамлаи Русия ба Украина дар Душанбе назарҳоро атрофи аҳмияти баргузории “Полки ҷовидон” тағйир додааст.

Ҳарчанд бархеҳо бар ин назаранд, ки раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ё Ҷанги бузурги ватанӣ зарур аст, вале афроде низ ҳаст, ки солҳои пеш дар ин чорабинӣ ширкат мекардаанд ва имсол аз ширкат дар он худдорӣ меварзанд.

Муҳайё намехоҳад арвоҳи гузаштагонро фурӯшад

Барои баргузории раҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар рӯзи 9-уми май намояндагони Иттиҳоди сарбозони интернатсионалист бо ирсоли номае ба ҳукумати Душанбе иҷозаи расмӣ пурсидаанд, вале то ҳол посухе дарёфт накардаанд.

Муҳайё Нозимова, фаъоли ҷамъиятӣ аз зумраи онҳоест, ки мегӯяд, агар ин чорабинӣ баргузор ҳам шавад, имсол, баръакси солҳо пеш, хоҳиши ширкат кардан надорад. Ӯ рӯзи 4-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ далели ин тасмимашро ба ҳамлаҳои Русия ба хоки ҳамсоякишвараш Украина рабт дод.

"Ҳар сол мо бо аҳли оила мерафтем, ба хотири он ки бобои ман иштирокчии ҷанг аст ва ҳатто баъди ҷанг ду соли дигар хизмат карда, соли 47 ба хона баргашт, лекин имсол фикр намекунам, ки баромадан ба "Полки ҷовидон" дуруст бошад, зеро Русия ҳамчун вориси Иттиҳоди Шӯравӣ коре, ки замоне Гитлер муқобили СССР кард, ҳамин корро нисбати як ҳамсояи худ раво дид. Аслан фашист гуфта, мо ғасбкориву таҷовузҳое, ки нисбат ба инсоният аст, ҳаминро дар назар дорем, ки Русия ин корро имрӯз нисбати Украина раво дида истодааст, бино бар ин баромадан бо ҳамон шиорҳо ё бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон ин "полк"-ро баргузор кардан, фикр мекунам, хиёнат, фурухтани арвоҳи гузаштагон аст,"--афзуд, ӯ.

Хотираи нек ё идеяи ғаразнок

Раҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар солҳои пеш бо ширкати садҳо нафар наздикону пайвандони иштирокичёни Ҷанги бузурги ватанӣ баргузор мешуд.

Акс аз раҳпаймоии соли 2019
Акс аз раҳпаймоии соли 2019

Дар ду соли ахир бо далели пандемияи COVID-19 ин чорабинӣ доир нашуд.

Сайфулло Сафаров, коршиноси масоили сиёсӣ ва собиқ муовини аввали Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, рӯзи 4-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аҳамияти баргузории ин маърака пеш аз ҳама дар зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ аст. "Нигоҳ доштани он хотирае аст, ки фашизми Гитлерӣ чӣ гуна ҳазорҳо, миллионҳо одамро несту нобуд кард ва дар муқобили он падару бобоёни мо бархестанд ва онҳоро дар лонаи худашон торумор намуданд, ин ба халқи немис дахл надорад, чун ки дар байни худи немисҳо низ фашистон буданд, дар байни ҳамаи халқҳои дунё антифашистон буданд,"—гуфт ӯ.

Вале таҳлилгар Абдумалик Қодиров бар ин назар аст, ки "Полки ҷовидон" ақида ё идеяи Русия аст, ки тариқи он мехоҳад манофеи худро дар дигар кишварҳои пасошӯрави пиёда созад.

"Чун худи ҳамин "лентаи Георгий" як рамзи қудрати Русияи подшоҳӣ аст ва онро пайваст кардан ба ғалабаи Шӯравӣ ин нишонаи он аст, ки Русия хостааст, ин ғалабаро ғасб кунад, яъне ба моли худ табдил диҳад. Русия бо ҳамлааш ба Украина мубориза бо фашизмро таҷовуз кард, худ ба фашизм табдил ёфт, бино бар ин, истиқбол кардан аз "Полки ҷовидон", ки идеяи ин кишвар аст, номуносиб аст, зеро имрӯз Русия худ ғосиб шудааст,"-афзуд, ӯ.

Баҳси ҷанги Русия бо Украина дар Тоҷикистон

Ба назари коршинос Сайфулло Сафаров Русия дар нисбати Украина на ҳуҷум, балки амалиёти махсусеро роҳандозӣ кардааст. Худи мақомоти Русия низ ба ҳамин назаранд.

Чунин иддаоро таҳлилгар, Абдумалик Қодиров, беасос хонда, таъкид мекунад, ки бо дарки амали ғасбкоронаи Русия дар баробари Украина ҳоло кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки қаблан аз "Полки ҷовидон" ҷонибдорӣ мекарданд, мақеяшон дигар шуда, аз баргузории чунин чорабинӣ худдорӣ мекунанд.

"Танҳо Тоҷикистон аст, ки то ҳол мавқеяш маълум нашудааст. Ман ҳамчун шаҳрванд машварат медиҳам, ки барои гузаронидани ин чорабинӣ имсол иҷоза надиҳанд ва интизор шаванд, ки Русия то куҷо мавқеи худро ислоҳ мекунад ё не, баъдан қарор қабул кунанд,"--гуфт, ӯ.

Шаҳрдори Душанбе дар бораи таҷлили Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 9-уми май дар назар аст, қарор қабул намудааст, вале дар робита ба баргузории раҳпаймоии "Полки ҷовидон" ишорае накардааст.

Ҷонибдорони "Полки Ҷовидон" дар Душанбе дар соли 2019
Ҷонибдорони "Полки Ҷовидон" дар Душанбе дар соли 2019

Пас аз ду сол, ҳоло масъалаи дигарбора гузаронидани раҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳоеро ба миён гузоштааст. Гурӯҳе мегӯянд, дар рӯзи баргузории ин чорабинӣ барои муддате роҳҳо баста мешавад ва ҳеҷ зарарурти баргузории он нест. Тарафдоронаш бар ин назаранд, ки ба хотири ҷовидон нигоҳ доштани ёди гузаштагони ҷанг ин муҳим аст.

Чунин басҳсҳо дар ҳолест, ки аз муроҷиати расмии Иттиҳоди сарбозони интернатсионалист ба ҳукумати Душанбе, барои дарёфти иҷозаи раҳпаймоӣ, беш аз ду моҳ мегузарад, вале посухи мушаххасеро дастрас накардаанд.

Раиси Душанбе имзо накард

Уктам Акрамов, муовини раиси ин ниҳод, рӯзи 4-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қабл аз 15-уми феврал ба мақомоти Душанбе расман муроҷиат ирсол карданд, вале ба онҳо гуфтаанд, дар ин бора дигарбора нома нависед.

"Санаи 6-уми апрел такроран муроҷиат намудем, вале то ҳол посух надодаанд, танҳо шифоҳӣ гуфтаанд, ки гузаронидан гиред, лекин барои мо ягон мушкил пеш наояд, ба мо иҷозаи расмии хаттӣ лозим аст. Ҳаррӯз хотиррасон мекунем, имрӯз пагоҳ ҷавоб медиҳем гуфта, ваъда медиҳанд, ҳоло раис имзо накардааст, мегӯянд,"--афзуд, ӯ.

Уктам Акрамов умедвор аст, ки иҷозаи расмии мақомотро дарёфт мекунанд. Ӯ гуфт: "Тасмим дорем, субҳи 9-уми май аз назди "Танка" сар карда, то боғи "Ғалаба" равем, мо омодагӣ дорем."

Намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе дақиқан шарҳ надоданд, ки ба муроҷиати Иттиҳоди сарбозони интернатсионалист чӣ посухе хоҳанд дод. Ҳангоми тамосҳои батакрорӣ мо ду масъули мақомоти Душанбе бидуни он ки худро муаррифӣ кунанд, тасдиқ карданд, ки муроҷитаи Иттиҳоди сарбозони интернатсионалист дар баррасист ва аз натиҷааш ба намояндагони иттиҳодия хабар медиҳанд.

"Полки ҷовидон", як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Дар ин раҳпаймоӣ хешовандони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945 ширкат мекунанд. Мухолифони ин кор мегӯянд, баргузории раҳпаймоӣ носталжӣ ба Шӯравиро бедор мекунад ва зарурат надорад. Дар баъзе аз кишварҳои муштаракулманофеъ ба ин раҳпаймоӣ иҷозат намедиҳанд. Ба иттилои раҳбарияти Иттиҳоди сарбозони интернатсионалист, танҳо дар Душанбе ин созмон ҳудуди 5 ҳазор аъзо, иборат аз пайвандону наздикони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, доранд.

XS
SM
MD
LG