"Ман бар ин боварам, ки замоне Меҳрубон Назаров ба дунё омад, шояд аз боло ба гӯши волидайнаш садое расид, ки номи навзодро Меҳрубон монанд. Дар шодиҳо меҳрубонӣ мекарданд, дар лаҳзаҳои ғам ҳам меҳрубон буданд. Ҳеч яке аз мо, фарзандон, на бо маслиҳати падар, балки ҳар яки мо бо хоҳиши худамон касбу роҳи худро интихоб кардем, мо ҳама дар фарҳангу ҳунар фаъолият мекардем.”
Назар Назаров, писари вазири собиқи фарҳанги Тоҷикистон дар бораи падараш мегӯяд, ки агар умр вафо мекард, рӯзи 1-уми май 100-сола мешуд.
Меҳрубон Назаровро “беҳтарин вазири фарҳанг дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ” меноманд. Вай аз соли 1966 то 1979 дар ин вазифа кор кардааст ва худ мӯ ба мӯ зодаву парвардаи фарҳангу ҳунару адаб буд. Журналист, драмнавис, коргардон, тарҷумон, олими фарҳангшинос. Меҳрубон Назаров, ки рӯзи 7-уми марти соли 1993 дар Душанбе фавтид, якуми майи соли 1922 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Тамара Абдушукурова, ки солҳои 90-ум вазири фарҳанги Тоҷикистон ва аз ҳамкорони Меҳрубон Назаров буд, аз ӯ чунин ёд мекунад:
“Меҳрубон Назарович муваффақтарин вазири фарҳанги Тоҷикистон буданд. Муваффақияти он кас дар ин буд, ки худашон санъаткор буданд, худашон ҳунарманд буданд, худашон коргардон буданд, драмнавис буданд. Дар деги санъат ҷӯшида буданд аз кӯдакӣ.”
Ҳунарпешагону коргардонҳо мегӯянд, Меҳрубон Назаров ба рушди театр диққати хос медод ва дар омода шудани ҳар намоиши театрӣ ширкат мекард, аз ҳоли ҳунармандон ва ниёзи онҳо огоҳ буд.
Марям Исоева, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки худаш шоҳиди ин ҳама будааст: “Ба намоишҳои нав омада, тамошо мекарданд, иштирок мекарданд. Баъзан ногаҳонӣ ба театр меомаданд, вақти машқ, медиданду, сипас мепурсиданд, “чӣ камбудӣ, чӣ норасоӣ аст?” Вақте дар Афғонистон кор мекарданд, як асар навиштанд, бо номи “Дасти дӯст”. Вазир! Ин хел асарро, ҳунармандонро дониста, шинохта, ҳаминхел симоҳоро офарида буданд, ки аз Аслӣ Бурҳонов сар карда, Тӯҳфа Фозилова, то мову, то дигарҳо, дар он ҳунарнамоӣ мекардем. Мо намебозидем, мо зиндагӣ доштем.”
Дар пайи ёфтани истеъдодҳо
Ҳамон гуна ки бузургони адабиёти Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Мирасид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода дар саросари кишвар аз пайи шоиру нависандагони оянда мегаштанд, Меҳрубон Назаров ин корро дар соҳаи фарҳанг анҷом медод:
Тамара Абдушукурова, ҳунарпеша ва вазири пешин фарҳанг: «Он кас маро барои таҳсил ба Донишгоҳи театрии Луначарский ба Маскав фиристода буданд. Он дам ҷонишини вазир буданд. Ба падарам гуфтанд, ки тавсия додем, ҳамин хоҳарчаи ман дар Маскав рафта хонад. Баъд падарам гуфтанд, кӣ мешавад? Артистка мешавад? Не ман намехоҳам, ки артистка шавад. Он вақт муносибат нисбати ҳунармандом камтар нодуруст буд. Баъд бародарам гуфт, ки не, вай на танҳо артистка, балки роҳбари ҳунармандон мешавад.»
Меҳрубон Назаров тавонист, на танҳо ҳамаи театрҳои кишварро бо кадрҳои баландихтисос таъмин намояд, балки ду театри нав Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва Театри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Ато Муҳаммадҷоновро таъсис дод. Охири солҳои шастуми садаи гузашта идеяи таъсиси Донишгоҳи ҳунарро дар Тоҷикистон ба миён гузошт, вале бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ гашт. Ҳарчанд ин ҳунаргоҳ дертар сохта шуд ва номи Мирзо Турсунзодаро гирифт, Назаровро танқид мекарданд, ки ин корро ба дарозо кашонд.
Театрро дӯст медошт, синаморо чӣ?
Ба сурати умум, дар давраи вазирии Меҳрубон Назаров пешрафтҳо дар соҳаи театр зиёд буданд. Бархе аз собиқадорони синамо мегӯянд, вазир ба рушди синамо диққати кофӣ надод, чун театрро бештар дӯст медошт. Заур Дахте, аксбардори тоҷик он солҳо бо пешниҳоди Меҳрубон Назаров барои кор ба “Тоҷикфилм” пазируфта шуд, мегӯяд, вазир он замон ба театр бештар алоқамандӣ нишон медод: "Меҳрубон Назаров, ки худ драмнавис буд, ҳатман ба театр бештар таваҷҷуҳ дошт ва ба ман мувофиқам, ки ба арсаи синамо камтар диққат медод."
Бештаре аз соҳибназарон муътақиданд, ки замони роҳбарии Меҳрубон Назаров ба истилоҳ давраи рушди бесобиқаи фарҳанги тоҷик буд. Абдуқодир Талбаков, фарҳангшиноси тоҷик бар ин аст, ки дар он солҳо аз театру синамо сар карда, то санъати овозхониву рақс рушд мекард: "Набояд ҷониби нухбагони гузаштаамон сангпартоӣ кунем. Набояд фаромӯш созем, ки дар он замон нақши Москва ва ҳизбиён бештар аз мақомоти маҳаллӣ буд. Нуфузи котиби партиявии Донишкадаи санъат аз нуфузи ректори он бештар буд. Ба ин далел, иҷозат намедоданд, ки театри тоҷик хубтар аз театри Москва бошад, ё ҳунарманди тоҷик ҳунарманди беҳтарӣ шӯравӣ гардад."
Меҳрубон Назаров дастаи рақсии Лоларо таъсис дод ва ҳунармандонеро аз Самарқанду Бухоро даъват кард. Агар дертар дастаи рақси “Зебо” машҳури олам шуд, заминаро ӯ гузошта буд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, нақши Меҳрубон Назаров натанҳо дар тавсеаи санъати театрии тоҷик бузург аст, балки дар поягузории театри касбӣ дар Афғонистон низ саҳм гузоштааст.
Саҳми ӯ дар рушди театр дар Афғонистон
Меҳрубон Назаров дар солҳои 1962 то 1964 дар симмати мушовири фарҳангии сафорати шӯравӣ дар Афғонистон ифои вазифа кардааст. Комёбиҳояш подшоҳи ин кишвар Зоҳиршоҳро ба як дӯст ва ҳамнишинаш табдил доданд.
Низорамо Зарипова, котиби пешини Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистони шӯравӣ: «Зоҳиршоҳ омаду гуфт, “Э хонум Низорамоҳ шумо омадед? Баъд гашт, ба Меҳрубон Назаров нигоҳ карда салом кард, шумо хубед гуфт? Ба Меҳрубон Назарович суханҳои хуб гуфтанд, хело сарбаланду руҳбаланд шуд. Баъд ба зиёфати калон даъват карданд. Ба писари калонаш гуфт, ки ҳатман ба ин меҳмонон нигоҳ кунед. Баъд аз ин як табличкаи тиллорангро аз номи Зоҳиршоҳ ба мо тақдим карданд.»
Вазири хоксор ва идомаи кори ӯ
Бо вуҷуди шуҳрат Меҳрубон Назаров як инсони одӣ ва самимӣ буд. Парвиз Назаров, овозхони муқими Қазоқистон набераи ӯст ва дар бораи бобояш чунин мегӯяд: “Ба дидани кадом қалъае дар беруни Душанбе меравад. Пиёда роҳ мегардад, барои дидани иншоот, зеро вазири фарҳанг буд охир, корҳои сохтмониро назорат мекард. Дар паҳлуи нигаҳбон нишастааст. Нигаҳбон ба вай чой дода, онҳо тӯлонӣ ва бо меҳрубонӣ суҳбат карданд. Вай гӯш карданро меписандид. Баъд, мошини “Волга”-аш расида, ронанда гуфтааст, ки Меҳрубон Назарович мо бояд биравем. Нигаҳбон назди ронанда омадам мепурсад, ки: Ин вазир аст? Бисёр одами оддӣ.”
Худаш ҳам ба эҳтиром ва қадрдонии шахсиятҳои фарҳангӣ ва онҳое, даъват мекард, ки барои кишвар хидмате кардаанд. Дар яке аз маҳфилҳои фарҳангӣ дар солҳои 90-ум гуфт: “Ғанимат донед онҳоеро, ки имрӯз дар Тоҷикистону Душанбе ҳастанд. Инҳоро ғанимат донед, рӯ нагардонед.” Меҳрубон Назаров чанд сол дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Олмони фашистӣ ҷангидааст. Баъд оғози фаъолият дар Тоҷикистон муддате хабарнигориву тарҷумонӣ низ кардааст.
Роҳу пайкори ҳунарманди зиндаёди тоҷик Мерубон Назаровро ҳоло фарзандону набераҳои эҷодкораш идома медиҳанд. Писари ӯ Далер Назаров аз ҳунармандони шинохта дар Тоҷикистону берун аз он аст. Назар Назаров, фарзанди дигари ӯ устоди Донишкадаи ҳунари Тоҷикистон аст. Духтаронаш Меҳрӣ, ҳунаршинос ва Азиза устоди забони инглисиянд ва набераҳояш – Парвиз ва Ситора ҳам санъаткор ҳастанд. Онҳо дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанд.