Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон розӣ шуд, ки соҳибкоронро "ғам" надиҳанд, вале...


Яке аз бозорҳои Душанбе
Яке аз бозорҳои Душанбе

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел, баъди бештар аз як моҳифармони раисҷумҳур дар бораи манъи санҷиши соҳибкорон, ин санадро пазируфтанд. Тоҷирон пайваста аз фишору тафтишҳои зиёд шикоят доранд. Мақомот, баръакс, соҳибкоронро ба пинҳон кардани даромадҳои воқеӣ айбдор мекунанд. Манъи санҷиши соҳибкорон то моҳи январи соли 2023 дар назар аст.

Мавридҳои истисноӣ

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, дар назди вакилон гуфт, “санад бо ҳадафи пуштибонӣ аз соҳибкорон, фароҳам овардани фазои муносиб барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ” таҳия шуд. “Асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий нисбат ба санҷиши фаъолияти соҳибкоронро муайян карда... ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз менамояд,” – шарҳ дод ӯ.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар қонун мавридҳои истисноӣ низ ҳастанд. Ба қавли Комилҷон Ҳақназарзода, намояндаи Кумитаи сармоягузорӣ, “агар дар робита ба таъмини амнияти хӯрковорӣ ё дору ба мақомот шикояте ворид шавад, сохторҳои махсус ба тафтиши фаъолияти ин гуна ширкатҳо мепардозанд.”

Мораторий ё манъи тафтиши соҳибкорон дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина ва эҳтимоли кам шудани пули муҳоҷирон гирифта шуд. Мақомот мегӯянд, он як бахши барномаи зиддибуҳронӣ аст. Барномае, ки ҳукумат ҳеч вақт ба таври ошкор бандҳои онро эълону муаррифӣ накардааст.

Як санад, вале дорои ду муқаррарот

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии “Азия-Плюс”, мегӯяд, вуҷуди истисно дар санадҳои манъи санҷиши соҳибкорон дар ҷаҳон таҷрибаи маъмулӣ аст. Аммо вай аз ноҳамоҳангӣ дар тасмимҳои ҳукумат изҳори тааҷҷуб кард.

“Чанде пеш дар бораи барномаи зиддибуҳронии ҳукумат матлаб омода кардам. Моҳи январ раисҷумҳур дар бораи манъи ҳама гуна санҷиш фармон дод. Баъд аз ду моҳ дар барномаи зиддибуҳронии ҳукуматӣ навишта шудааст, ки санҷишҳо ҳадди ақал кам карда шавад. Таҷҷуб мекунам, ки чӣ тавр аз як ниҳод ду санади дорои муқаррароти мухталиф содир мешавад,” – афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки соҳибкорон пайваста аз санҷишҳои батакрори ниҳодҳои давлатӣ ва бори гарони молиёт ё андоз шикоят мекунанд. Баъзе аз онҳо аз моҳи март ба ин сӯ нусхаи фармони президентро дар бораи манъи тафтишҳо дар дару тирезаи дӯконҳои худ овехтаанд, вале мегӯянд, ҳанӯз “пурсупос”-и мақомот бас нашудааст.

Толиб Назиров, тоҷири яхдону телевизор дар Душанбе, мегӯяд, маъмурони андоз барояш фаҳмондаанд, ки фармон ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Таҷриба аз гузаштаҳо

Раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2018 барои ду сол тафтиши фаъолияти соҳибкоронро манъ карда буд. Соҳибкорон мегӯянд, ҳатто бо манъи санҷишҳо онҳо пайваста зери фишори сохторҳои назоратӣ қарор доштанд.

Баҳраи баланди қарзҳои бонкӣ, набудани рақобати солим дар бозор, андозҳои баланд аз мушкилоти ҷиддии бизнеси Тоҷикистон гуфта мешавад. Дар гузашта созмонҳои байнулмилалии молӣ аз шароити бади тиҷорат дар кишвар ошкоро танқид кардаанд.

Соли гузашта, дар пайи баҳсу баррасиҳои зиёд, қонуни андозро дар Тоҷикистон нав карданд. Ба иттилои расмӣ, он ба соҳибкорону сармоягузорон сабукиҳои зиёд додааст, вале шикоят аз монеаҳо дар пеш бурдани тиҷорат дар кишвар ҳамоно кам нашудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар як соли охир дар кишвар беш аз 20 ҳазор соҳибкор ва аз аввали имсол 7,5 ҳазор нафар фаъолияти худро бас кардаанд.

XS
SM
MD
LG