Сайфиддин Давронов, писари Саидмӯъмин Давронов, сокини Балҷувон, ки бо муовини пешини раиси ноҳия ва бародари вазири нақлиёт, барои замин даъвои додгоҳӣ дошт, тақрибан бист рӯз боз дар боздошт аст. Хонаводааш амали мақомотро супоришӣ медонанд. Мақомот мегӯянд, ӯ ба қаллобӣ гумонбар аст.
Фурӯши замин ё "супориш"?
Давронови хурдиро баъди раҳоии падараш дастгир кардаанд. Саидмуъмин Давронов понздаҳ рӯзро дар тавқифгоҳ гузаронд. Он замон писараш барои раҳоии ӯ талош дошт.
“Ба зидди писари ман парванда дуруст карданд. Маро озод карданд, вале ҳанӯз таҳдид доранд, ки қазия ҳал нашудааст. Мегӯянд, ҳоло туро оварда маҳкам мекунем. Ин фармоишӣ аст,” – афзуд ӯ.
Ҳоло нисбати Сайфиддин Давронов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ парванда кушодаанд. Саидмуъмин Давронов мегӯяд, писараш гуноҳ надорад.
Ҳабиб Ҷумъазода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии Балҷувон, писари ӯро ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам донист. “Писараш замин фурӯхтааст, мо бояд донем. Ба ин сабаб месанҷем,” – гуфт ӯ рӯзи 21-уми апрел.
Чизе, ки сардори милиса мегӯяд, хонаводаи Давронов рад мекунад. Саидмуъмин Давронов гуфт, “бачаи ман корманди Кумитаи замин нест ва дар ягон ҷо ҳаққи имзо гузоштанро надорад. Чӣ хел замин фурӯхтааст?”
Чаро кор то ин ҷо кашид?
Хонаводаи Давроновҳо мегӯянд, парвандасозӣ ва ба ҳабс гирифтани онҳо баъди расонаӣ шудани баҳсашон бо Ҳасан Иброҳимзода, муовини собиқи раиси Балҷувон ва бародари вазири нақлиёт, оғоз шуд.
Онҳо даъво доштанд, ки Ҳасан Иброҳимзода мехоҳад, ду гектар замин ва боғашонро аз худ кунад, вале дар ниҳоят, моҷарои додгоҳӣ ба нафъи Давронов анҷом ёфт. Баъди ин моҷаро ва шикояти чанд нафари дигар Ҳасан Иброҳимзода, ки масъули умури сохтмон ва замин дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон ҳам буд, моҳи декабри соли 2021 аз мақомаш барканор шуд.
Баҳс бар сари замин солҳо боз ба як масъалаи доғ дар Тоҷикистон табдил шудааст.
Бино ба омори додситонӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон нисбат ба 296 корманди идораҳои гуногун барои ғайриқонунӣ додан, харидуфурӯши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Аксари инҳо муҳандис – заминсозони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзию парандапарварӣ, раисони ҷамоатҳо ва сохторҳои Кумитаи замин – будаанд.
Вуҷуди фасоди молӣ, таъсири омилҳои инсонӣ ва беназоратӣ аз сабабҳое гуфта мешаванд, ки боис ба тақсими ғайриқонунии замин ва ҳар гуна баҳсҳо шудааст. Ҳарчанд намояндагони Кумитаи замин ва ниҳодҳои дигари марбута пайваста таъкид мекунанд, ки мубориза бо хариду фурӯши заминро пурзӯр намудаанд.