Як гуруҳ аз коршиносони Созмони Милал аз афзоиши танишҳо дар Бадахшон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки "ақаллияти помирӣ"-ро ҳифз кунанд ва ба ҳуқуқи одамон дар вилояти мухтор эҳтиром гузоранд.
"Мақомоти Тоҷикистон, пеш аз он ки дер шавад, бояд амал кунанд," – гуфтаанд онҳо. Эъломия 20-уми апрел аз тарафи Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ дар Женева нашр шуд.
Ба ҳайати коршиносон Фернанд де Вареннес, гузоришгари вижа оид ба масъалаи ақаллиятҳо, Ирен Хон, гузоришгари вижа оид ба ҳуқуқ ба озодии баён ва дигарон шомиланд.
Низоъ, табъиз, боздоштҳо...
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи ноябри соли 2021 шоҳиди эътирозҳо буд. Норозиён пас аз он ба майдони марказии Хоруғ рехтанд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштақалъа, ҳангоми боздошт кушта шуд. Мақомот ӯро ба ҷиноятҳои сангин ба мисли гаравгонгирӣ муттаҳам карданд. Тазоҳургарон мақомотро ба худсарӣ ва истифодаи беш аз ҳадди зӯр муттаҳам намуданд.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон мегӯянд, дар ҷараёни эътирозҳо ду каси дигар кушта ва 17 нафар маҷруҳ шуданд. Мақомот танҳо дар бораи захмӣ шудани чандин маъмури пулису амниятӣ гузориш доданд.
Коршиносони СММ гуфтаанд, нодида гирифтани шикоятҳои мардуми Бадахшон метавонад, боис ба "низои хушунатбор" гардад.
"Мо аз кӯшишҳои саркӯби эътирозҳо, ҳабси мардуми помирӣ, истифодаи аз ҳад зиёд ва ғайриқонунии нерӯҳои низомӣ сахт нигарон ҳастем. Аз мақомот даъват мекунем, барои пешгирӣ аз табъиз алайҳи эътирозгарони помирӣ чора андешанд," – афзудаанд онҳо.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба хулосаи коршиносони СММ вокуниш накардаанд. Аммо дар гузашта гуфтаанд, дар Бадахшон ба зидди гуруҳҳои худсару ҷиноӣ мубориза мебаранд.
СММ аз мақомоти Тоҷикистон чӣ хост?
Муҳаққиқони Созмони Милал аз гузоришҳо дар бораи "афзоиши ҳузури низомиён, таҳкими посгоҳҳо, боздошту бозпурсӣ ва манъи сафари эътирозгарон ба хориҷа" изҳори нигаронӣ кардаанд. Ҳамзамон гуфтаанд, то ҳол амалкарди мақомот ҳангоми боздошту кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва истифода аз зӯр алайҳи эътирозгарон тафтиш нашудааст.
"Ин дар ҳоле аст, ки фаъолони ақаллияти помириро дар расонаҳо ва идораҳои давлатӣ ҳамчун ҷинояткор муаррифӣ мекунанд," - гуфтанд онҳо.
Коршиносони СММ гуфтанд, дар пайи эътирозҳо дастрасӣ ба интернет танҳо ба идораҳои давлатӣ ва бонкҳои маҳаллӣ дастрас буд ва ба таҳсили ҷавонону кӯдакон таъсири манфӣ расонд.
"Мо махсусан аз маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет, барои пахш кардани эътирозҳо нигаронем. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба озодии гирдиҳамоии осоишта ва баён эҳтиром гузоранд," -- таъкид кардаанд коршиносон.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 21-уми марти имсол интернет дар Вилояти Бадахшон дастрас шуд. Коршиносони СММ мегӯянд, он 2G аст ва на ҳама сомонаву пойгоҳҳоро мекушояд.
"Дар ҳоле ки аз барқарор шудани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқбол мекунем, аз ҳукумати марказӣ даъват дорем, чораҳои пешгирӣ аз низоъҳоро фавран амалӣ кунад," – хулоса кардаанд коршиносони СММ.