Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Бадахшон чӣ гуна буҳрони молӣ-иқтисодиро пушти сар мекунанд?


Соли 2020 созмоне ба кишоварзони Бадахшон дастгоҳи тавлиди барқ аз офтоб тақдим карда буд.
Соли 2020 созмоне ба кишоварзони Бадахшон дастгоҳи тавлиди барқ аз офтоб тақдим карда буд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки буҳрони молӣ-иқтисодии Русия ва коҳиш ёфтани пули муҳоҷирон метавонад ба зиндагии сокинони ВМКБ таъсири чашмрас дошта бошад. Кишоварзӣ дар ин минтақа пешрафта нест ва арсаи саёҳӣ пас аз бемории ҳамагири COVID-19 ба ҳолати пешинааш бар нагашт.

Сорбон Юноев, кишоварз аз ноҳияи Роштқалъа, ба зироаткорӣ ва тавлиди афшӯраҳо машғул аст. Ин кишоварз мегӯяд, ӯ як хоҷагии худкифое таъсис додааст, аммо буҳрони молӣ -иқтисодӣ ба кори ӯ таъсир гузоштааст. “Маҳсулоти ниёзи аввал ва бензин гарон шудааст. Талабот коҳиш ёфтааст. Афшӯраҳое, ки ман тавлид мекунам, дар бозори Хоруғ нисбат ба соли гузашта 60 дар сад камтар харидорӣ мешаванд, ҳарчанд бештари маҳсулотро ба Душанбе мебарам”, --мегӯяд Юноев.

Буҳроне, ки дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина ба вуқӯъ омад, ба маоши муҳоҷирон ва тавоноии хариди хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон, таъсир расонд. Вобастагӣ аз пули муҳоҷирон дар ВМКБ бештар мушоҳида мешавад. Ҳудуди ин вилоятро 97 дар сад кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва сокинон нисбат ба минтақаҳои дигар дорои замини камтаре мебошанд. Тибқи омори расмӣ теъдоди муҳоҷирони корӣ аз ВМКБ дар Русия 15–16 дарсад аз 37–38 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аммо, коршиносон ин оморро чандин баробар бештар ҳисоб мекунанд.

"Корро аз даст медиҳанд"

Дар соли 2021 муҳоҷирони корӣ ба ВМКБ 39 миллиону 684 ҳазор доллар фиристодаанд. Ба бовари коршиносон ин маблағ, ки иқтисоди вилоятро мечархонд, метавонад ба таври чашмрас кам шавад.

“Дар ҳоли ҳозир соҳибкорон талош мекунанд, вилоятро аз маҳсулоти озуқаворӣ таъмин кунанд ва камбуди он ба назар намерасад. Аммо, масъала сари тавоноии пардохти мардум аст. Мо огоҳ мешавем, ки он ҳамватаноне, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, кори худро аз даст медиҳанд. Ин раванд метавонад интиқоли пулро ба вилоят кам кунад”, --мегӯяд, Боймамад Алибахшов, роҳбари "Милал Интер", Анҷумани соҳибкорон ва кишоварзони минтақаҳои куҳӣ.

Ӯ таъкид мекунад, ки вилоят наметавонад мустақилона сиёсати иқтисодиашро пеш барад ва куллан аз марказ вобаста аст.

Нерӯи барқи обӣ, саёҳӣ ва маъдан, аз ҷумлаи арсаҳои нисбатан умедворкунанда дар ВМКБ маҳсуб мешуданд. Аммо, ҳеч кадоме аз инҳоро наметавон даромадзо унвон кард.

Ба гуфтаи Алибахшов, то ҳол дар самти пайдо кардани ҷойи нуқра ва тилло кор фаъол нест.

Мушкилӣ дар арсаи кишоварзӣ

Тибқи омори расмӣ, дар соҳаи кишоварзии ВМКБ аз соли 2010 то 2019, 61 дарсад маҳсулоти ғаладона, 54 дарсад картошака, 7,8 дарсад маҳсулоти полезӣ ва 41,9 дарсад истеҳсоли мева кам шудааст. Алибахшов сабаби чунин коҳишёбиро рафтани мардум ба Русия ва камбуди қувваи корӣ медонад. "Теъдоди зиёди мардуми мо ба Русия мераванд. Дар рустоҳо оилаҳо хонаҳояшонро қулф карда мераванд. Аз ин рӯ, раванди коҳиши маҳсулот ба назар мерасад", - мегӯяд коршинос.

Бо ин ҳол, коҳиши назарраси омор шояд аз он вобаста бошад, ки чанд сол қабл Ёдгор Файзов, раиси пешини ВМКБ, фармони худдорӣ кардан аз зиёданависии дур аз воқеиятро содир карда буд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори иқтисод дар мақолаи худ дар мавриди вазъи иқтисодии ВМКБ хатари амнияти озуқавориро ба кам будани замини корам нисбат ба минтақаҳои дигар рабт додааст.

"Аз ин рӯ, ҳукумати марказӣ бояд барои тағйири вазъияти ҳосилнокии зироати ғаладона, лӯбиёгӣ, картошка ва мева барномаеро рӯи даст бигирад",- менависад Умаров.​

Иқдоми номаълум

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири вазъи баамаломада "Барномаи зиддибуҳрон"-ро қабул кардааст. Ҷузъиёти ин барнома мушаххас нест, аммо коршиносони наздик ба ҳукумат мегӯянд, ки нуқтаи асосии ин барнома “дастгирии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва ҷилавгирии хатарҳо дар сохтори бонкӣ” мебошад.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои фаҳмидани иқдоми мушаххасти мақомоти ВМКБ дар мавриди ҷилавгирӣ аз буҳрони иқтисодӣ бенатиҷа боқӣ монданд. Дафтари матбуоти вилоят ба зангҳои бешумори мо ҷавоб надоданд.

Бино ба пешбинии Бонки Рушди Осиё эҳтимол дорад, ки бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои буҳрони ҷиддии иқтисодӣ дар Русия, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 то 2 фоиз коҳиш ёбад.

Дар гузориши ин бонк пешниҳод шудааст, ки бо роҳи кам кардани вобастагӣ аз қарзи беруна тавассути рушди сармоягузорӣ ба бозорҳои дохилӣ ва ҳисоботи пайвастаи Вазорати молия оид ба қарзҳои дохилӣ, аз ҷумла гузориши санҷидашудаи солонаи 15 корхонаи калонтарини давлатӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ба рушди бахши хусусӣ мусоидат карда шавад.

Нигаронии ҳукумат дар ин самт ба назар намерасад.

ВМКБ тамоми қисмати шарқии Тоҷикистонро ташкил дода, бо масоҳати бештар аз 64 километри мурабаъ калонтарин вилояти Тоҷикистон мебошад. Тибқи омори аввали соли 2021 дар ин вилоят бештар аз 220 ҳазор одам зиндагӣ мекард. Дар ВМКБ танҳо 0,9 дарсади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ истеҳсол мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷамъияти ин вилоят ба 2,5 дарсади тамоми аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG