Узбекистон иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ин кишвари Осиёи Марказӣ рад кард.
Бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфтааст, ба як пойгоҳи низомии Узбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.
Сухангӯи президенти Узбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гуё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонд.
Ӯ дар Телеграм навишт: “Бино ба иттилои Вазорати дифоъ ва Хадамоти марзбонии Узбекистон, дар марзи кишвар бо Афғонистон амалиёти ҷангие сурат намегирад ва вазъ ором мебошад.”
Сухангӯи раисҷумҳури Узбекистон аз сокинони он кишвар хостааст, “ба хабару овозаҳои беасос” бовар накунанд.
Дар Вазорати дифои Узбекистон низ гуфтаанд, хабари мушакборон шудани марзбонон дар Тирмиз “ҳақиқат надорад”.
Айни замон шохаи “Хуросон”-и ДОИШ иддао кардааст, ки мушакҳоро аз шаҳраки Ҳайратони Афғонистон партоб кард.
Баъд аз рафтани нерӯҳои амрикоӣ дар моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон, ҷангҷӯёни ДОИШ ҳамлаҳоро дар ин кишвар ва атрофи он бештар кардаанд.
Иёлоти Муттаҳида моҳи феврали имсол барои маълумот дар бораи раҳбари ДОИШ дар Афғонистон Саноуллоҳ Ғаффорӣ (Шаҳоб ал-Муҳоҷир) ва ёфтани ӯ 10 миллион доллар ҷоиза таъин кард.
Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, Ғаффорӣ дар моҳи июни соли 2020 раҳбарии ДОИШ таъин шуда буд ва ӯ масъули тасдиқи тамоми амалиёти ҷангҷӯён дар саросари Афғонистон ва таҳияи маблағ барои фаъолияти онҳост.
Амрико Ғаффорӣ ва ду раҳбари дигари гурӯҳи тундравро дар Афғонистон “террористони байнулмилалӣ” номид.