Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ҳам паради ҳарбиро дар Рӯзи ғалаба бекор кард


Низомиёни қирғиз. Акс аз бойгонӣ.
Низомиёни қирғиз. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати дифои Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 9-уми майи имсол дар майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек бахшида ба Рӯзи ғалаба паради ҳарбӣ баргузор намешавад.

Ба огаҳии вазорат, он рӯз дар Майдони Ғалаба ҳамоиш ва роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор хоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон низ имсол бахшида ба Рӯзи ғалаба паради ҳарбӣ баргузор намекунад.

Дар Қирғизистон давоми ду соли охир ба далели пандемияи коронавирус бахшида ба 9 май чорабинии оммавие баргузор намешавад.

XS
SM
MD
LG