Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбозшикор набуд." Чаро Назаралиевро дар фурудгоҳ "дастгир" карданд?


Исмоил Назарлиев. Акс аз Раёсати умури дохилии Душанбе
Исмоил Назарлиев. Акс аз Раёсати умури дохилии Душанбе

Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо пахши хабарномае гуфт, навори боздошти як ҷавон дар назди Фурудгоҳи Душанбе "ба облава рабт надорад." Пайвандони Исмоил Назаралиев мегӯянд, хешовандони ҳамсараш талош кардаанд, ӯро дастгир кунанд. Тарафи дигар иддао дорад, ки мехостанд, домоди пешинро ба идораи пулис баранд.

Гумонбар дар паҳн кардани маводи порногорафӣ?

Навори боздошти як ҷавон дар назди Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 9-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Ба хотири шабоҳат доштани боздошти ҷавон ба сарбозшикор, бисёриҳо онро "облава"-и навбатӣ номиданд. Аммо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми апрел гуфт, Исмон (Исмоил) Назаралиев ду сол пеш хидмати ҳарбиро адо кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ин сокини 29-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо иттиҳоми ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи порнографӣ таҳти ҷустуҷӯ буд. Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, ду касе, ки талош карданд, Исмоил Назаралиевро боздошт кунанд, ба хотири майдаавбошӣ муҷозот шуданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Бежан Саидов ва Фаридун Ҳалимзода аз тарафи додгоҳ ҷарима шудаанд. Назари онҳо дар бораи ҳодиса дастрас нест.

Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ тасдиқ карданд, ки Исмоил Назаралиев дастгир шудааст. Ба гуфтаи мақомот, алайҳи ӯ ҳанӯз моҳи январи имсол бо иттиҳоми ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани маводи порнографӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Аз рӯи ин иттиҳом ба Исмоил Назаралиев аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад.

Назари ин сокини ноҳияи Восеъ ба ҳодисаи пешомада маълум нест.

Маҳалли зисти волидони Назаралиев
Маҳалли зисти волидони Назаралиев

Фарзияҳои боздошти Назаралиев

Иброҳим Назаралиев, падари Исмоил, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбати ҳузурӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи ҳодиса писараш аз Маскав ба Душанбе баргашта буд.

"Вай ҳамроҳи ҳамсараш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Байни онҳо чӣ нофаҳмӣ буд, худашон медонанд. Пеш аз омадан ба ҳамсараш занг мезанад, ки писарамро биёр. Ҳамсараш хешу таборашро ба фурудгоҳ мефиристад ва онҳо кӯшиш мекунанд, Исмоилро дастгир кунанд," -- афзуд ин сокини ноҳияи Восеъ.

Пайвандони ҳамсари Исмоил Назаралиев ин гуфтаҳоро рад мекунанд. Талошҳои мо барои суҳбат бо Таманно Иброҳимова, ҳамсари пешини Исмоил Назаралиев, то ин дам бенатиҷа буд. Яке аз хешовандони Иброҳимова, Исмоил Назаралиевро ба он муттаҳам кард, ки акси ҳамсари ҳамакнун собиқашро урён карда, дар интернет паҳн кардааст.

"Онҳо соли 2017 оиладор шуданд ва даҳ моҳ пеш ҷудо шуданд. Исмоил дубора Таманноро шантаж мекунад, ки агар ҳамроҳам зиндагӣ накунӣ, аксҳоятро фотошоп карда, дар Интернет мегузорам. Таманно розӣ мешавад. Шаш моҳ пеш Исмоил ба Русия рафт ва аз онҷо моро ҳақорату дашном дода, суратҳои Таманноро фотошоп карда, ба тани занони урён пайваст карда, дар Интернет гузошт. Мо танҳо мехостем, ӯро аз фурудгоҳ ба идораи пулис бурда супорем," --гуфт яке аз пайвандони Таманно Иброҳимова.

Хешовандони Иброҳимова чанд акси сохтаи урёни як зан ва чанд садои дашноми як ҷавонро фиристода гуфтанд, ин кори Исмоил Назаралиев аст. Радиои Озодӣ мустақилона дурустии ин навор ва садоҳоро тасдиқ карда наметавонад. Худи Назаралиев боздошт шудааст ва дақиқ нест, ки ӯ дар ин бора чӣ назар дорад.

Мақомот гуфтанд, ҳодиса ва дурустии далелҳоро таҳқиқ мекунанд.

Лаҳзаи боздошти як ҷавон дар шабу рӯзе иттифоқ афтод, ки дар Тоҷикистон маъракаи даъват ба артиш ҷараён дорад. Дар ҳар мавсими даъват шикоятҳо аз сарбозшикор ё "облава" расонаӣ мешавад.

Радиои Озодӣ низ дар бораи ин навор ва баҳсҳои атрофи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш дода буд. Вале дар гузориш "сарбозшикор" ё "облава" будани воқеа, ки корбарон онро чунин номидаанд, суолбарангез намуд. Сабаби чунин бардошти корбарон, ба эҳтимоли зиёд иборае буд, ки Назаралиев дар навор ба забон меовард: "Ман хидмат кардаам".

XS
SM
MD
LG