Баъзе аз равшанфикрон дар Самарқанд гуфтанд, ки дар панҷ соли охир фарҳангу забони тоҷикӣ "як андоза рушд кардааст", вале ҳамзамон баъзе нигарониҳо боқист.
Баҳодур Раҳмонов, сардабири нашрияи "Овози Самарқанд", мегӯяд, "агар се сол пеш рӯзнома аз 2,5 то 3 ҳазор нусха нашр мешуд, ҳоло ба 6 ҳазор расонда шуд. Ҳатто бештар аз ин. Албатта, ин ҳам ифтихор ва ҳам масъулият аст."
"Маҷаллаи нахустини адабии "Дурдонаи Шарқ", дар пайравӣ ба маҷаллаи "Садои Шарқ"-и Тоҷикистон ва "Шарқ юлдузлари"-и Узбекистон имсол аз чоп баромад. Ин маҷалла сирф тоҷикист ва дар шумораи аввалинаш эҷодиёти беш аз сад нафар ҷой дода шуд. Аз шеър гирифта то нақди адабӣ," – гуфт нависанда Аслиддин Қамарзода.
Чаҳор сол пеш ҳамчун рамзи эҳтиром пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири классики тоҷик ва шогирдаш Алишер Навоиро, ки сардафтари адабиёти классики узбек аст, аз минтақаи канории шаҳр ба марказ кӯчондаанд. Ин пайкара дар даромадгоҳи боғи калонтарини фарҳангии вилоят қарор дорад ва дар атрофи он дуюмин донишгоҳи калонтаринии Узбекистон, Донишгоҳи Давлатии Самарқанд, ҷойгир аст.
"Сафи довталабон афзудааст"
Ҳарчанд, ба гуфтаи сокинони инҷо, шумори мактабҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шудааст, дар факултаи филологияи Донишгоҳи Самарқанд кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъол аст, ки дар он 12 олими тоҷик ба донишомӯзон дарс медиҳанд. Ба гуфтаи масъулин, солона бештар аз 50 довталаб ба ин ихтисос дохил мешаванд.
Ҷумъа Ҳамроҳ, мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи Самарқанд, гуфт, "нисбат ба солҳои пеш қабули донишҷӯён як баробар зиёд шудааст. Ба ғайр аз ин, ба фарқ аз як факултаи тоҷики даврони Шӯравӣ, дар даврони истиқлолият боз 9 факултаи дигар ҳамроҳ шуд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Оҳангсоз Абдураҳмон Амонов мегӯяд, "назар ба солҳои пеш ҳоло дар тӯю маъракаҳо бештар бо забони тоҷикӣ суруд мехонанд. Сурудҳои шӯхи тоҷикиро ҳофизони номии мо ба мисли Мардон Мавлонов, Баҳоваддин Баҳриев ва Эркин Қайтаров зиёд мехонанд."
Дар ин шаҳр, ки дар радифи шаҳри Бухоро маркази тамаддуни халқи тоҷик ном мебаранд, мақбараву осорхонаи даҳҳо мутафаккиру олими дин қарор доранд.
Мақомоти шаҳри Самарқанд солҳои охир барои азнавсозии осорхонаҳои Садриддин Айнӣ ва Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов пул ҷудо карда, барои зоирон шароит фароҳам овардаанд. Вале равшанфикрон мегӯянд, дар радифи ин ҳоло интизори ҷавоби чанд муроҷиати дигар аз мақомот ҳастанд.
Мушкил: Муҷассамаи Рӯдакӣ куҷост?
Нависанда Аслиддин Қамарзода мегӯяд, "солҳои 90-уми асри гузашта пайкараи Рӯдакиро дар майдони Регистони Самарқанд гузошта будем. Баъдан онро бо сабаби бозсозӣ канданду ҳоло пайкараи Ислом Каримов қомат афрохтааст. Дар Самарқанд хиёбони дарозтарин ба номи Рӯдакӣ аст ва дар як чорроҳои он, ки боғ ҳам бунёд шудааст, бояд пайкараи Рӯдакиро гузоранд."
Дар вилояти Самарқанд тақрибан 300 ҳазор нафар расман тоҷик сабт шудаанд, вале сокинони он мегӯянд, дар асл ин шумора ба маротиб бештар аст.
Мақомоти маҳаллӣ бо таъсиси созмоне, ҷомеаи тоҷиконро муттаҳид кардааст. Сокинонаш мегӯянд, ҳоло онҳо дар рӯҳияи ҳамҷавориву дӯстӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон умр ба сар мебаранд.