Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Оҳани Украина: Мушакҳои русӣ дар Краматорск 30 касро кушта 100 касро маҷрӯҳ кард


5 апрел, истгоҳи Роҳи Оҳанги Краматорск.
5 апрел, истгоҳи Роҳи Оҳанги Краматорск.

Дар соатҳое, ки се мақоми калони аврупоӣ вориди шаҳри Киев шуданд, мақомоти украинӣ гуфтанд, дар натиҷаи як ҳамлаи мушакӣ ба истгоҳи Роҳи Оҳане дар шарқи Украина рӯзи 8-ми апрел дастикам 30 нафар кушта ва беш аз 100 кас маҷрӯҳ шудааст. Роҳи Оҳани Украина гуфт, ки ду мушаки русӣ истгоҳеро дар Краматорск асобат карданд. Ин истгоҳ барои берункашии мардуми мулкӣ аз минтақаҳои мавриди бомбаборони нирӯҳои русӣ истифода мешуд. Дар изҳорот омадааст: “Ду мушак ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск асобат карданд”. Дар шарҳи баъдии ин изҳорот омадааст: “Бар асоси иттилои аввалия, дар натиҷаи таркиши ду мушак дар истгоҳи Роҳи Оҳани Краматорск беш аз 30 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд”. Дар аксу наворҳои видеоии ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳёфта дида мешавад, ки ҷасади кушташудаҳо дар канори бору бағоҷи мардум пош хӯрдаанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки субҳи имрӯз Урсула вон дер Лейен, президенти Комиссиюни Аврупо, Жозеп Боррелл, дипломати калони аврупоӣ ва Эдуард Ҳегер, нахуствазири Словакия барои гуфтугӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский вориди Киев шуданд.

XS
SM
MD
LG