Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, як маъмури разведка ё истихбороти хориҷиро дастгир кард.
Амалиёти боздошти гумонбарро рӯзи 25-уми марти имсол дар шаҳри Нурсултон гузарондаанд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, гумонбар ба ҷосуси хориҷӣ шаҳрванди Қазоқистон аст. Ӯро ба тарҳрезии суиқасд ба ҷони президент Қосимҷомарт Тоқаев ва "як қатор ходимони баландпояи давлатӣ" муттаҳам медонанд.
Маълум нест, гап танҳо дар бораи як нафар меравад ё гурӯҳи одамон.
Мақомот мегӯянд, аз ҷосуси эҳтимолӣ як снайпер, маводи мухаддир ва доллари зиёд гирифтанд.
Моҳи январи имсол дар пайи эътирозҳое, ки дар Қазоқистон ба хушунат печид, дастикам 230 нафар кушта шуданд.
Мақомот "гурӯҳҳои байнулмиллалии террористӣ"-ро гунаҳкор донистанд, вале далели кофӣ пешниҳод накарданд. Тақрибан тамоми раҳбарияти пешини Кумитаи амнияти миллии он кишвар бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" тафтиш мешаванд.