Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Панова дар бораи Путин ва "миллатгароҳо" ҷанҷол барангехт


Мақомоти шаҳри Алматои Қазоқистон таҳқиқи як паёми онлайнии муҷрии собиқи радио Любов Пановаро оғоз кардаанд.

Ӯ дар як шарҳаш ваъда додааст, ки барои ором намудани "миллатгароёни Қазоқистон" ба президенти Русия муроҷиат мекунад.

Панова ба "барангехтани нафрати қавмӣ" муттаҳам мешавад.

Ҳафтаи гузашта аснои як баҳси онлайнӣ Панова, ки худ руси шаҳрванди Қазоқистон аст, бо ишора ба қазоқҳое, ки мухолифи таҷовузи Русия ба хоки Украина мебошанд, навишта буд: "Агар лозим шавад, мо ба "дядя Вова" ("Вова-амак") занг мезанем, то лаҷоми "натсикҳо"-и ин кишвари Осиёи Марказиро кашад.”

“Дядя Вова” ишора ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва "натсик" ишора ба миллатгароҳои ашаддӣ мебошад.

Изҳороти Панова мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Радиои “Европа Плюс Қазоқистон” 28-уми март иброз дошт, ки Пановаро аз мақомаш сабукдӯш кардааст.

XS
SM
MD
LG