Ҷашни асосии наврӯзӣ дар Тоҷикистон поён ёфт, вале баҳси харҷҳои ҳангуфт барои таҷлил аз он дар шароити гаронии нархҳо идома дорад.
Рӯзи 21-ум март бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон Наврӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд. Дар ин ҷашн иштирокдорон интихобӣ буданд ва на ҳама мисли Рустам Каримов, сокини ноҳияи Хуросон ба варзишгоҳ роҳ ёфтанд. Ӯ ҳаваси тамошои наврӯзӣ надошт, балки мехост президентро бубинад ва арзашро расонад. “Пеши президент омадам, намонданд, дароям. Се бор омадам, пешам карданд. Милисаҳо намонданд. Аз чанд дарвоза рафтам, гуфтанд, бачаатро гир, рав. Саломатии писарам хуб нест. Бинед чӣ аҳвол дорад.”,--гуфт ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ҳазорон хонанда моҳҳо барои намоиши саҳнаҳо омодагӣ диданд. Нафаре, ки номашро дар сомонаи Радиои Озодӣ нанавиштааст, аз таҷлили пурдабдабаи Наврӯз танқид кардааст. Ӯ гуфтааст, ки Наврӯзро пештар сокинон одиву самимиӣ таҷлил мекарданд. “Тоҷикон ин идро дар домани кӯҳҳо ҷашн мегирифтанд, на дар варзишгоҳҳо. Модарони деҳотӣ хурокҳои наврӯзӣ мекарданд. Дар шароити пасти иқтисодӣ чунин ҷашни пурхароҷот хуб нест.”,--навиштааст ӯ.
Корбарон ҷалби садҳо наврас барои ширкат дар ҷашнҳои наврӯзӣ ва ҳафтаҳо дур мондани онҳо аз таҳсилро танқид кардаанд. Дар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар Хатлон Шаҳноза Сафарова, як хонандаи мактаб бемор ва ҳалок шуд.
Варзишгар, дар сомонаи Озодӣ ба ин ишора кардааст: “Тамоми шукӯҳи Наврӯзи имсолаи Балхро ин духтараки ноком бо худ бурд. Афсӯс, ҷойи хонишу донишро рақсҳои бемаънӣ гирифтаанд.”
Бархе ҳам гуфтаанд, Наврӯз ҷашни шодию ба ҳам омадан аст ва мардуми тоҷик ҳақ доранд, ки дар як сол як бор хурсандӣ кунанд. Насим, дар саҳифаи Инстаграми Озодӣ чунин навиштааст: “Бовар кунед, консертҳои наврӯзиро мо тамоми сол тамошо мекунему хурсандӣ мекунем. Дар ҳама ҷо камбудӣ накобед. Дар як ҷашни миллиамон сарф кунему хурсандӣ кунем, дунё чаппа намешавад.”
Корбарони дигар гуфтаанд, хурсандиро бе сарфи зиёд низ мешавад ташкил кард. Нафаре бе навиштани номаш дар сомонаи Озодӣ гуфтааст, ҷашнҳои давлатиро бояд танзим кард: “Танзим мегӯянд, вале миллионҳо сомонии буҷаро ба об мепартоянд. Як бечораро барои сарф дар тӯйи худаш 10 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунед. Барои сарфи беҳудаи пули мо андозсупорандагон кӣ ҷавоб медиҳад?”
Шумо чӣ мегӯед? Ба ҷойи ин ҷашнҳои ба андешаи шумо пурхарҷ чӣ бояд кард?Назари худро нависед.