Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Файзу баракат парид.” Тасвири як подабон аз чарогоҳҳои Тоҷикистон. ВИДЕО


Аброриддин Ҳайдаров, подабони тоҷик
Аброриддин Ҳайдаров, подабони тоҷик

Чорводорони тоҷик аз монополия шудани чарогоҳҳо аз ҷониби як гуруҳ дар кишвар ва хушксолию камалафӣ нигаронӣ доранд.

Ҳар субҳ Аброриддин Ҳайдаров чорвои сокинони деҳи Аскалони Ёвонро ба чарогоҳ мебарад. Панҷ сол инҷониб шуғлаш подабонӣ аст ва чорвои ҳамдеҳагонашро мисли моли худ нигоҳубин мекунад. Имсол ташвишаш зиёд аст, бориш кам шуд, чарогоҳ алаф надорад, чорво ба серӣ хӯрок намёбаду лоғар ба назар мерасад.

Ҳайдаров беалафиро “кори Худо” медонад

Ӯ гуфт, имсол алаф нест ва говҳо то бегоҳ сер намекунанд. “Бегоҳ подаро мебарам, мардум норозӣ ҳастанд. Лекин чӣ кор кунам, алаф нест, ҳаво сахт гарм аст. Файзу баракат парид. Говҳоро меораму мебарам, лекин сер намекунанд.”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Файзу баракат парид". Тасвири чӯпон аз ҳоли чарогоҳҳо дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

Кам шудани бориш ва хушкидани чарогоҳоро Ҳайдаров “кори Худо” медонад ва мегӯяд, “файзу баракат парид”. Олимон мегӯянд, ин ҳолат бештар натиҷаи кори худи инсон аст, ки дуду ихроҷи ба шиддати газҳои гулхонаӣ боиси гармшавии иқлим шуд.

Шарифҷон Раҳимов, пажӯҳишгари Академияи илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, воқеан гармшавии иқлим ба назар мерасад, ки ҳосилнокии чарогоҳҳо таъсири манфӣ расондааст. “Аз ин рӯ вақти он расидааст, ки мо рӯи масъалаи обёрӣ намудани чарогоҳҳо фикр кунем. Ин масъала бояд дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шавад, ки ақалан қисми обёришавандаи чарогоҳҳо обёрӣ шаванд.”,--гуфт ӯ.

Чорво аз мардум чарогоҳҳо аз кӣ ҳастанд?

Хушку беҳосил ва то ҷое биёбон шудани чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ба гуфтаи мутахассисон, танҳо пайомади гармшавии иқлим нест. Дар ихтиёри гуруҳе аз одамони доро қарор гирифтани чарогоҳҳо ва афзоиши чорвои хурду калон дар Тоҷикистон низ аз сабабҳои буҳрони чарогоҳҳо гуфта мешавад.

Бинобар иттилои Вазорати кишоварзӣ, 93 дарсади чорвои калон ва 82 фоизи моли майда аз мардум аст, аммо 70 дарсади замини чарогоҳҳоро соҳибони хоҷагиҳо дар ихтиёр доранд.

Чанде пеш ин мушкил боиси баҳси гарме дар парлумон шуд.

Саидҷаъфар Исмонзода, вакили порлумон
Саидҷаъфар Исмонзода, вакили порлумон

Саидҷаъфар Исмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократ гуфт, чарогоҳҳо дар Тоҷикистон монополия шудаанд. “Дар баъзе ноҳияҳо, ки то 200 ҳазор аҳолӣ доранд, тамоми чарогоҳҳоро 10-15 нафар аз худ кардаанд. Махсусан чарогоҳҳое, ки дар гирду атрофи як деҳа ҳастанд. Онҳое ки шинос доштанд ёру восита доштанд чарогоҳоро гирифтаанд.”,--гуфт вакили порлумони Тоҷикистон.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили порлумон ва раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, бояд назари мардум ҳангоми тақсими чарогоҳҳо гирифта шавад. Ӯ гуфт, чарогоҳҳо нодуруст тақсим шудаанд ва сокинон ҳатто аз заминҳои назди деҳаашон истифода карда наметавонанд.

Вазир гуфт, аз чарогоҳ даромади муфт мегиранд

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки дар назди вакилон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар “Дар бораи чарогоҳҳоро” муаррифӣ мекард, ҷой доштани ин мушкилро тасдиқ кард ва гуфт, барои ҳали он талош мекунанд.

Ӯ гуфт: “Ҳақиқатан шумо дуруст гуфтед, баъзе шахсоне ҳастанд, ки худ дар дигар ҷо менишинанд, чарогоҳро хусусӣ кардаанду имрӯз иҷора медиҳанд ва даромади муфт мегиранд. Мо корбарӣ карда истодаем, эродҳо зиёданд, дар доираи қонунҳои амалкунанда ин масъаларо баррасӣ мекунем”.

Нобаробарӣ дар тақсими чарогоҳҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар афзоиши башиддати шумораи чорвои аҳолӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ аз сабабҳои дигари камҳосилу биёнбоншавӣ гуфта мешавад. Шумораи чорвои аҳолии Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои 1990 беш аз 60 дарсад афзудааст.

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ гуфт: “Дар ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 832 ҳазору 161 гектар чарогоҳ мавҷуд аст. 6 миллиону 50 ҳазор сар чорвои хурд дорем. Агар 6 миллионро ба 5 сар чорво як гектар чарогоҳ ба ҳисоб гирем, 1 миллион гектар чарогоҳ танҳо барои чорвои хурд банд мешавад. Наздики 2,5 миллион сар чорвои калони шохдор дорем, ки ба як сар гов як гектар ҳисоб кунем, 2,5 миллион гетар чарогоҳ зарур аст. Яъне, имконияти чарогоҳҳое, ки дар Тоҷикистон ҳаст, маҳдуданд”.

Шиками говҳо сер нест ва шир кам аст

Тағйирёбии иқлим, хушку беҳосил шудани чарогоҳҳо дар ниҳоят ба некуаҳволии сокинон зарба мезанад, чун чорвояшон ғизои кофӣ пайдо намекунанд. Ин аст, ки дар аксар деҳоти Тоҷикистон говҳои харобу лоғар ба назар мерасад.

Сафаралӣ Назаров, роҳбари трести чарогоҳҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, сокинони деҳот барои парваришу нигоҳдории чорво зиёд заҳмат мекашанд, аммо фоидаи чандоне намегиранд ва гоҳо харҷу заҳматшон аз маҳсулоти ба даст омада бештар аст.

“Ҳоло вақти он расидааст, ки аз саршумор дида, ба сифат гузарем. Ба ҷойи се чор моли каммаҳсул агар як чорвои зотӣ бошад, маҳсулнокӣ зиёд мешавад.”,--гуфт ӯ.

Аммо мардуми одӣ маъмулан аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва бастаи омилҳое, ки боиси хушку камалаф шудани чарогоҳҳои як замон сарсабз огоҳии чандоне надоранд. Аз ин рӯ, бештар аз подабонҳое, мисли Аброриддин домангир мешаванд, ки чаро шиками говҳояшон сер нест ва шираш рӯз ба рӯз кам мешавад.

XS
SM
MD
LG