Қирғизистон 55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва 50 КамАЗ-и сохти Русия харидааст. Мақомоти ин кишвар гуфтанд, қисми асосии онро ба сарҳад бо Тоҷикистон мефиристанд. Душанбе вокуниш накард.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 25-уми март гуфт, “ин мошинҳо аз фардо ба муҳофизати сарҳад равона карда мешаванд.” Вай дар суҳбат бо хабарнигорон афзуд, барои харидани таҷҳизот аз буҷет тақрибан 2 миллиард соми қирғизӣ ҷудо шудааст.
“Бахши асосии онро ба вилояти Бодканд мефиристем. Дар онҷо, тавре хабар доред, масъалаи сарҳад хатарнок аст,” – гуфт Тошиев. Вай ҳамзамон ёдовар шуд, ки соли гузашта аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш харида буданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, дар пайи ҳалли масъалаҳои марзӣ бар асоси хатти мавҷудаи сарҳад ҳастанд ва қасди ҳамла ба қаламравҳои дигарро надоранд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале тақрибан ниме аз онро муайяну нишонагузорӣ накардаанд. Ин номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби муноқиша мешавад.
Раисиҷумҳури Қирғизистон рӯзи 25-уми март дар суханронии худ гуфтааст, қаблан Бишкек таҷҳизоти кӯҳнаро ба шакли кумаки бебозгашт аз хориҷ мегирифт, аммо аз ин ба баъд аз ҳисоби худ таҷҳизоти муосир хоҳад харид.
“Соли гузашта барои ин ҳадафҳо аз буҷет 7,5 миллиард сом ҷудо шуда буд. Имсол барои таҳкими ҳифзи сарҳад ҳудуди 3 миллиард сом ҷудо мекунем,” – гуфт Содир Жапаров.
Вай афзудааст, бо пулҳои ҷудошуда посгоҳҳои нави сарҳадӣ ва биноҳои истиқоматӣ месозанд, ҳавопаймоҳои бесарнишин, зиреҳпӯшҳо, мошинҳо ва муҳиммоти дигар мехаранд.