Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Амрико ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд


Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Узра Зея. Акс аз сомонаи ВКХ
Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Узра Зея. Акс аз сомонаи ВКХ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва муовини Котиби давлатии Амрико равобити Душанбе ва Вашингтонро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти ВКХ мегӯяд, дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Узра Зея рӯзи 22-юми март дар Исломобод баргузор шуд. Вохӯрӣ дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ баргузор шудааст.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст, “дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Сироҷиддин Муҳриддин ва Узра Зея ҳамчунин дар бораи вазъи минтақа ва вазъ дар Афғонистон суҳбат кардаанд. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, дар суҳбати ҷонибҳо “аҳамияти С5+1 (Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ) ва тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи ин платформа таъкид гардид.”

Вохӯрии гуруҳи мавсум ба "С5+1" аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

Тоҷикистон ва Амрико имсол 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатии худро ҷашн гирифтанд. Дар ин муддат байни ин ду кишвар ҳамкориҳои зиёде ба роҳ монда шудааст ва Амрико дар умум ҳудуди 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак кардааст. Ҳарчанд коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели камтаваҷҷуҳии Амрико ба Душанбе ва омода набудани ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳот ҳамкориҳо ба қадри кофӣ тавсиа наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG