Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ барномаи баҳсбарангезашонро шарҳ дод. ВИДЕО


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Рӯзи 9-уми март созмони дар Тоҷикистон мамнуи Паймони миллии Тоҷикистон, ки чанд ниҳоди мухолифи ҳукуматро муттаҳид мекунад, барномаи умумии худро барои Тоҷикистон нашру паҳн кард.

Дар он вазъи феълии Тоҷикистон буҳронӣ унвон шуда, дар 10 фасл ислоҳоти вазъ пешниҳод гаштааст. Ҳанӯз аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон вокунише ба ин барнома нашудааст, вале иддаоҳои омодагии мухолифон ба татбиқи ин барнома ва бар дӯш гирифтани мудирияти кишвар баҳсҳоеро ба миён овардааст. Радиои Озодӣ дар бораи ин барнома бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Дар оғоз дар чанд ҷумла, ин барномаро шарҳ медодед. Паёми асосии он чист?

Муҳиддин Кабирӣ: “Паёми аслии барнома ин аст, ки Тоҷикистон дар як буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ қарор дорад ва бояд ин вазъият ба зудӣ ислоҳ шавад. Агар ислоҳ нашавад, раванди инзивои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар идома хоҳад ёфт. ПМТ бо назардошти чунин вазъияти кишвар бо коршиносону мутахасисони ватанӣ ҳануз ду сол қабл барномарезиро шуруъ кардем. Ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо барнома барои рушди кишвар ва дурнамо таҳия намуд ва муаррифӣ кард, вале ҳеч кадоми онҳо натиҷаи мусбат надоданд, Паймони миллии Тоҷистон бо вижагиҳои хос ва бештар амалгароёна барномаи сиёсии худро муарифӣ намуд. Мо талош кардем,ки дар 10 фасл масъалаҳои мавҷудро зикр кунем ва ба пургӯӣ роҳ надиҳем, то ки барнома қобили дарк шавад."

Муҳиддин Кабирӣ барномаи баҳсбарангезашонро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:48 0:00

Радиои Озодӣ: “Ташаккур мо ҳам барномаи шуморо варақ задем ва дидем, вале ҳукумати Тоҷикистон низ барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати худро дар масъалаҳое, ки дар барномаи шумо омадаанд, эълом доштааст. Чӣ ислоҳоти сохторӣ ё мубориза бо фасоду терроризм, ё рушди кишоварзию маориф ва ғайра. Барномаи Шумо аз он чӣ фарқ дорад?

Кабирӣ: “Бале бубинед, барномаи мо аз тарафи мутахассисони ватанӣ омода шудааст. Шумо дуруст қайд кардед, ки дар долонҳои ҳукумат даҳҳо барномаҳо таҳияву омода шудаанду дар рӯи мизҳои мақомоти ҳукумат хобидаанд, аммо ягон натиҷа надодаанд. Сабаби ин ирода надоштан аст. Барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон ба хотири дарёфти грант аст. Ҳукумат мехоҳад, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ вонамуд кунад, ки дар пайи ислоҳот ҳастанд. Аммо барномаи мо вижагиаш дар ин аст, ки мо барои татбиқи фаслҳои он аз уҳдаи он мебарояд ва ин барнома бо воқеиятҳои Тоҷикистон ба назар гирифта шудааст ва барои он ба кумаки созмонҳо ниёзманд нестем.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, чаро дар ин барнома ҳукумати Тоҷикистон корношоям дониста шудааст. Дар ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҳукумат аз дастовардҳояш дар ин муддат гузориш дод ва таҳлилгарони бетараф низ мегӯянд, ба ҳар тартиб, ҳукумати Тоҷикистон комёб будааст. Ба чӣ далелҳо он корношоям дониста мешавад, дар барномаи Шумо?

Муҳиддин Кабирӣ: “Бале ин суоли калидӣ аст. Маблағ дар дохили Тоҷикистон ҳаст. Касе фикр мекунад, ки барои татбиқи ҳама гуна барнома аз берун боястӣ маблағ ворид кард, иштибоҳ мекунад, зеро Тоҷикистон маблағи кофӣ дорад. Барои мисол шумо бубинед, ки буҷаи солонаи Тоҷикистон дар соли 2022 наздики 2,5 миллиард доллар аст. Муҳоҷирони кории мо фақат аз тариқи банк наздики 4 миллиард доллар ба кишвар ворид мекунанд. Маблағи муҳоҷирон чаҳор баробари буҷаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон аст. Бо назардошти коррупсияе, ки дар сатҳҳои гуногун вуҷуд дорад, маблағи наздик ба ҳаҷми буҷаи давлатӣ дуздида мешавад. Ман фикр мекунам, ки маблағе, ки дар сол дар ихтиёри ҳукумат қарор мегирад, наздики 10 то 12 миллиард доллар буда метавонад. Ман бовар дорам, бо ин маблағ бидуни ҷалби пул аз хориҷа мешавад, ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро шурӯъ кард. Ва гузашта аз ин созмонҳои байналмилалӣ бо огоҳ шудан аз равандҳои воқеии барномаҳои ислоҳотӣ ва бовар ҳосил кунанд, метавонанд кумак кунанд”.

Радиои Озодӣ: Бино бар ин ҳуҷҷат, яъне барномаи сиёсӣ мухолифон вазъеро тасвир мекунанд, ки гӯё ҳокимият ба дасташон даромадааст ва дар се соли аввали баъд аз Эмомалӣ Раҳмон онро амалӣ мекунад. Оё ин як хаёлпарварӣ нест?

Муҳиддин Кабирӣ: “Ба ҳеҷ ваҷҳ ин хаёлпардозӣ нест. Ҳар неруи оппозитсионӣ бояд омода бошад, дар рӯзи аввали ба сари қудрат омадан фаъолияти худ ва ислоҳоти худро оғоз кунад. Бубинед, то имрӯз оппозитсиюни тоҷикро то ҷойе одилона танқид мекарданд, ки ҳукумати Тоҷикистон фақат танқид мекунад, вале ҳеч барномаи алтернативие барои амал надорад. Ҳоло дигар ин интиқод метавонад аз байн биравад, вале худи барномаи сиёсии моро мешавад танқид кард ва камбудияшро гуфт. Албатта ПМТ бо ин барнома гуфтанӣ нест, ки аллакай ҳукумат ба дасти мо афтодааст, мо чунин иддао надорем, мо мехоҳем бигӯем, ки бо аз сари қудрат рафтани ин ҳукумати феълӣ ва ба сари кор омадани ҳукумати миллӣ мехоҳем нишон диҳем, ҳамчунин барномаи амал дорем”.

Радиои Озодӣ: Яъне аз суҳбати шумо чунин бармеояд, ки як мавқеи интизорӣ дореду ва мунтазир мондаед, ки агар ҳукумат биравад, баъд мехоҳед, аз барномаатон ҳарф занеду мудирият кунед?

Муҳиддин Кабирӣ: “На, ин барномаи сиёсие, ки дар борааш суҳбат дорам, барномаи пас аз барканории ҳукумати феълӣ аст, вале барои ба сари қудрат расидан барномаи дигар аст, ки неруҳои оппозитсиюнӣ онро расонаӣ намекунанд”.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо мехоҳед бигуед, ки ҳукумати феълӣ дар ҳоли барканор шудан аст ва дар ин сурат ПМТ ба сари қудрат меояд?

Муҳиддин Кабирӣ: “На мо ба ҳеҷ ваҷҳ даъвои онро надорем, ки Паймони миллӣ ба танҳоӣ ба сари қудрат меояд. Агар шумо ба муқаддимаи ин барнома диққат дода, бошед зикр шудааст, ки Паймони миллӣ метавонад, яке аз тарафҳои иҷрокунандаи барнома бошад ва дар идора кардани ҳукумат шарик бошад. Аммо агар мо бубинем, ки кадом неруи дигар метавонад, ин барномаро ҳамаҷониба амал кунад, метавонад бидуни ширкати Паймони миллӣ фаъолият кунад. Вале то кунун ба ҷуз ҳамин неруҳои мухолифине, ки дар хориҷи кишвар ҳузур доранд, дигар ҳеҷ неру даъвои ба сари қудрат омаданро ошкор эълон накардааст, ки мехоҳад, қудратро аз ҳукумати имрӯз бигирад.”

Радиои Озодӣ: Оё гуфта метавонед, Паймони миллии Тоҷикистон чӣ қадар аъзо ва пайрав дорад ва дар дохили Тоҷикистон чӣ қадар таъсиру нуфуз? Яке аз коршиносон онро мухолифони фейсбукӣ меномад. Бе пойгоҳи иҷтимоӣ дар кишвар, як гурӯҳи сиёсӣ чӣ кор карда метавонад?

Муҳиддин Кабирӣ: “Аввал ин ки Паймони миллӣ узвияти собит надорад ва ҳизбу ҳаракатҳо метавонанд, шомил шаванду аъзои ин созмон бошанд. Ва шумо метавонед, аз ин ҳизбу ҳаракатҳо суол кунед, ки чӣ қадар узв доранд. Маълум аст, ки агар мо ҳоло бигӯем, ки дар дохили кишвар шумораи аъзову тарафдорони мо чӣ қадар аст, мақомоти ҳукумат онҳоро таъқибу боздошт мекунанд. Ва онҳое, ки моро оппозитсияи “фейсбукӣ” ё фейкӣ меноманд, боре андешанд, ки оё ҳукумати Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки оппозитсия намояндаҳои худро муарифӣ кунад? Бубинед, дар ҳар кишвар давлату ҳукумат бо оппозитсияш ойинаи якдигаранд, ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ шакле, ки ҳасту амал мекунад, оппозитсияаш ҳам ба ҳамон шакл аст, агар оппозитсия “фейсбукӣ” ва “фейкӣ” аст, пас ҳукуматаш ҳам ҳамин хел аст. Агар Тоҷикистон дорои як ҳукумати қавӣ ва мардумӣ мебуд, ҳатман оппозитсияш ҳам қавӣ буд ва дар дохили кишвар амал мекард”.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар тартиб, иҷрои ин барномаи сиёсӣ, ба кумаки кӣ ё киҳо вобаста буда метавонад?

Муҳиддин Кабирӣ: “Мардум аст. Бо кумаки мардум ва омили аслии ин барнома ҳам мардум мебошад. Агар ба даруни барнома таваҷҷуҳ карда бошед, нақши мардум дар он хеле бориз аст. Мардум дар ин кор бояд шарик бошанд, барои мисол агар мо низоми ислоҳоти интихоботиро пешбинӣ мекунем, маънои онро дорад, ки худи мардум ширкат кунад, раъй диҳад, назорат кунад ва натиҷаи онро бубинад. Яъне амалӣ кардани ин барнома бо пуштибонии мардум сурат хоҳад гирифт”.

XS
SM
MD
LG