Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ низоъ дар марз бо Қирғизистонро "гуноҳи сиёсатмадорону дипломатҳо" хонд


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ ва ҳамзамон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад, дар робита ба муноқишаи хунин дар марз бо Қирғизистон ибрози назар кард.

Дар ин муноқиша, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел сурат гирифт, аз ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳайатҳои ду кишвар 1-уми май гуфтанд, ки дар бораи оташбаси доимӣ ва берун бурдани нерӯҳо аз хатти марз ба созиш расиданд, вале вазъ дар сарҳад ҳамоно “ҳассос” мемонад.

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 30-юми апрел дар як муроҷиати видеоӣ дар Ютуб мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро ба мусолиҳа хонда, муноқишаи охирро натиҷаи беамалии мақомот ва сиёсатмадорон донистааст.

Ӯ гуфтааст, "ба назари ман, дар ин ҷо мардуми тоҷик ва мардуми қирғиз камтарин гуноҳро надоранд. Ин гуноҳи сиёсатмадорону дипломатҳо аст, ки то имрӯз масъалаҳои марзиро ҳал карда натавонистанд. Ё ҳал кардан нахостанд. Барои баъд гузоштанд. Ҳарду тараф ба популизм машғул шуданд. Ҳарду тараф хостанд, фоидаи шахсӣ ё гуруҳии худро бигиранд. Бовар дорам, агар онҳо мехостанд, ки масъалаҳоро ҳал кунанд, кайҳо ин корро карда буданд."

Вай илова кардааст, "ду миллати ҳамсоя, ду миллате, ки тӯли ҳазорсолаҳо (намегӯям садсолаҳо) дар паҳлӯи ҳам зиндагии мусолиматомез доштанд, имрӯз дар натиҷаи сиёсатҳои ғалат маҷбур шуданд, барои дифоъ аз ватан аз манзилашон аз хонаашон ва аз обрӯи мову шумо даст ба чунин низоъ бизананд."

Муҳиддин Кабирӣ дар гузашта вакили порлумон ва раиси ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли 2015 дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу паймони зери раҳбарии ӯро дар кишвар мамнуъ ва ифротгаро шинохта, худи ӯро ғоибона ба зиндон маҳкум кардааст. Кабирӣ ва ҳамроҳонаш ин қарору ҳукмҳоро бепоя ва дорои ангезаҳои сиёсӣ ва талоше барои берун кардани мухолифин аз саҳнаи сиёсати Тоҷикистон медонанд.

Маълумоти умумӣ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бо баҳсу сангандозӣ миёни сокинони минтақаи наздимарзӣ оғоз шуд ва сипас, ба муноқишаи мусаллаҳонаи ду ҷониб печид. Аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ номи 16 қурбонии муноқишаро маълум кард. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки дар муноқишаҳои марзӣ 178 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 1-уми май ҳайатҳои ду тараф ба созиш расиданд, ки оташбаси доимӣ ҷорӣ карда, нирӯҳоро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун мебаранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби ихтилофу муноқишаҳо мешаванд.

Матолиби бештарро дар ин ҷо хонед:

XS
SM
MD
LG