Бо вуҷуди вокунишҳои зиёд дар дохил ва хориҷи Афғонистон нисбат ба амалиёти "хона ба хона" ва поксозии Толибон, ин гурӯҳ мегӯяд, амалиёт ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар ҷараёни он шумораи зиёде аз силоҳҳои сабук ва вазнин ба даст овардааст.
Холид Задрон, сухангӯи фармондеҳи амнияти Толибон дар Кобул, охири ҳафтаи гузашта ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, "дар ин раванд нерӯҳои амниятии мо миқдори зиёди аслиҳа ба даст оварданд. Ахиран аз як хона 10 мушакандози амрикоӣ ба даст омад".
Сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул ҳамчунин иддао кард, ки дар ҷараёни амалиёти "хона ба хона", баъзе шахсони рабудашударо низ наҷот додаанд.
Бо он ки дар бораи миқдори дақиқи аслиҳаи ба дастомада дар ҷараёни ин амалиёт чизе гуфта намешавад, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, рӯзи 6-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, 400 мил аслиҳа, даҳҳо мина, 12 тонна маводи тарканда ва ҳудуди 60 мошини давлатӣ ба даст омад.
Муҳоҷид афзуд, "9 одамрабо, 52 дузд ва 6 узви гурӯҳи ДОИШ дар ҷараёни ин ҷустуҷӯҳо боздошт шудаанд".
"Кӯдакон сахт тарсиданд"
Аммо бархе афрод, ки хонаҳояшон ҷустуҷӯ шудааст ва ба далелҳои амниятӣ нахостанд номашон зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, Толибон дар ҷараёни амалиёт "ваҳшатнок" амал карданд.
Як сокини Кобул дар ин бора гуфт, "вақте Толибон ба хонаи мо омаданд, аз субҳ то шом касеро нагузоштанд, ки аз хона берун биравад. Бо пойафзоҳои гилолудашон дохили хонаи мо шуданд. Кӯдакон сахт тарсида буданд".
Иддае дигар аз ин амалиёт истиқбол карда, онро иқдоми хуб барои таъмини амният донистаанд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон, Бритониё ва баъзе аз созмонҳои ҳуқуқи башари ҷаҳон аз Толибон хостанд, ин ҷустуҷуҳоро поин бахшанд ва ба ҳуқуқи мардум эҳтиром бигузоранд. Раванди ҷустуҷӯи хона ба хона дар Кобул ва баъзе вилоятҳои шимоли Афғонистон ҳанӯз идома дорад.
Амалиёт зидди амалиёт
Алӣ Майсам Назарӣ, масъули робитаҳои хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар "Твиттер" навиштааст, акнун ки таваҷҷуҳи ҷаҳон ба Украина аст, Толибон ҷустуҷӯи хона ба хонаро дар Кобул афзоиш додаанд. Аммо ӯ гуфтааст, онҳо аз ин кор ҳарос надоранд ва ба муқовиматашон барои шикасти Толибон идома медиҳанд.
Боварҳо вуҷуд дорад, ки Толибон ин амалиётро ба ҳадафи пешгирӣ аз фаъолиятҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва гурӯҳҳои дигари норозӣ роҳандозӣ кардаанд. Аммо Толибон гуфтаанд, ин амалиёт ба хотири таъмини амният аст.
Аз ин қабл гузориш шуда буд, ки нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як амалиёт дар Панҷшер раҳбари гурӯҳи "Мансурӣ"-и Толибон дар ин минтақа Мулло Иззатуллоҳи Қандаҳориро ба ҳалокат расонданд.
Бо тамом шудани фасли сармо ва гарм шудани ҳаво ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки як бори дигар дар Афғонистон ҷанг оғоз шавад. Қабл аз ин ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз оғози ҳамлаҳо ба зидди Толибон дар фасли баҳор хабар дода буд.