Сокинон мегӯянд, навбатпойи дар Тоҷикистон ҳанӯз ба фарҳанге табдил наёфтааст, ки ҳама онро риоя кунад.
Додархуҷа Сангинов, сокини шаҳри Душанбе борҳо шоҳиди он шудааст, ки риоя накардани тартиби навбатпоӣ боиси ҷанҷолҳое шудааст. Ӯ аз чунин рафтори атрофиёнаш на танҳо асабонӣ, балки дар хориҷ аз кишвар гоҳе дар ҳоли хиҷолат низ мондааст. "Дар Русия аз ҳавопаймо мефароӣ сокинони Тоҷикистон бетартибона ҷамъ шуда, навбатро риоя намекунанд. Дигар миллатҳо, масалан озариву арманиҳоро мебинӣ, онҳо низ зиёданд, лекин навбат истода, ба ҳузур баромада мераванд, лекин мо фарҳанги худамонро эҳтиром намекунем.",-афзуд, ӯ.
"Ман бояд якум бошам"
Талоши қабл аз нафари дигар ба даст овардан ё харидани чизе ё зудтар ба хидматрасоние даст ёфтан аз миёни издиҳом саҳнаҳое ҳастанд, ки дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон дидан мумкин. Дар чунин ҳолат бештар талош мешавад, ки ҳама бояд якум корашро анҷом диҳад ё ба ҷое бирасад. Махсусан, агар молу маҳсулоте камчин бошад, навбатпоӣ тақрибан риоят намешавад ва ҳар нафар бо имкони худ талош мекунад, ба ҳадаф расад. Чунин саҳнаҳо дар бозору мағозаҳо қабл аз иду маросимҳо бештар ба назар мерасад. Сокинони оддӣ, ки шоҳиди чунин саҳнаҳо шудаанд, риоят нашудани фарҳанги навбатпоиро марбут ба чанд омил медонанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Аҳрор Иброҳимов, сокини ноҳияи Вахш, ки ҳоло дар Душанбе ба сар мебарад, мегӯяд, гоҳе бесабрии сокинону чашмпушии масъулон боиси риоя нашудани фарҳанги навбатпоӣ мешавад. "Масалан, дар як беморхона дар навбат истода будам, як кас омада, "через" карда пеш аз мо даромад, баъзан мебинем, ҷавонҳо тоқат накарда, бидуни он ки дар навбат истанд, пеш мегузаранд. Риоят накардани навбат, ки дар бисёр ҷойҳо дида мешавад, ин бефарҳангии ҳамон одамонро маълум мекунад.",--гуфт ӯ.
Мушкил дар кӯч бастани деҳотиён ба шаҳр аст?
Баъзе сокинон риоят нашудани навбатпоӣ дар бисёр мавридҳоро марбут ба тарбияи сабру таҳаммул дар хонаводаҳо медонанд.
Беҳрӯ Насурова, ҷомеашиноси тоҷик нақзи фарҳанги навбатпоиро хоси урбанизатсия, яъне аз деҳот ба шаҳр куч бастани сокинон медонад. Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар деҳоти Тоҷикистон навбатпоӣ барои дарёфти чизе маъмул нест, зеро барои навбатпоӣ тақрибан зарурат вуҷуд надорад.
Вале яке аз ҳамсӯҳбатони мо дар Душанбе, ки худро омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муаррифӣ кард, гуфт, дар маҳалли зисташон танҳо як терминали пардохти электронӣ аст ва кормандон барои гирифтани маош саросема шуда, на ҳамеша навбатро риоя мекунанд: "Агар се чаҳорто бошад, шояд чунин мушкил ба миён наояд".
Ҷомеашинос Беҳрӯ Насурова афзуд, ки чунин нигаронии сокинонро фаҳмидан мумкин, вале ин норасоӣ наметавонад сабаби аслии риоя накардани навбатпоӣ шавад. "Дар Тоҷикистон аҳолии деҳнишин зиёда аз 73 ва боқӣ, тақрибан 27 фоизро аҳолии шаҳрнишин ташкил медиҳад. Вале хизматрасониҳои мухталиф дар шаҳр аст, бо назардоши зичии мардум ин аз дилхоҳ сокинони шаҳр талаб мекунад, ки фарҳанги шаҳрнишинӣ, аз ҷумла навбатпоиро риоя кунанд. Дар бисёр ҷойҳо, масалан дар беморхона мебинем, ки худи корфармо якчанд нафарро аз миёни сокинон ҷудо карда медарорад ва ин аллакай ба мардум одати баде мешавад, ки дигарон низ намехоҳанд дар навбат истанд, агар як нафар навбатро вайрон кунад, кӯдаки вай чунин рафторро аз ӯ ёд мегирад.",--афзӯд Беҳрӯ Насурова.
Хонум Насурова таъкид намуд, ки риояи навбатпоӣ аз сатҳи фарҳангу шуури ҷомеа вобастагӣ дорад: "Вақтҳои охир ба назар мерсад, дар баъзе ҷойҳо риоя мешавад, вале риоя накардан ҳоло барои ҷомеаи мо як одат шудааст. Ҳангоми навбатпоӣ ҳар кас мехоҳад пеш аз дигаре бошад, зудтар роҳи ҳалли мушкилашро ёбад, дар мафкураи мо чунин ҷой гирифтааст."
Кай навбатпойи меъёр мешавад?
Ҷомеашиносон бар инанд, ки волидон бояд дар хонаводаҳо фарҳанги навбатпоиро ба фарзандон ҳамчун одат тарбия кунанд. Дар чунин ҳол ба назари онҳо, одати навбатпоӣ бо гузашти вақт дар ҷомеаи Тоҷикистон мисли кишварҳои пешрафта ба меъёр табдил мешавад.
Ҳоло дар бархе идораву муассисаҳои Тоҷикистон мисли кишварҳои рушдкарда навбатпоии рақамӣ ҷорӣ шудааст, ки тартиби бо навбат анҷом додани хидматрасониҳоро ба танзим даровардааст.
Амина Аҳророва, корманди “Алифбонк” мегӯяд, навбатпоии аз роҳи рақамӣ кори муштариён ва масъулони идораро осон кардааст. "Барои навбат гирифтан мизоҷон назди ман меоянд, рақами телефонҳояшонро мегӯянд, ба телефонашон паёмак меояд ва дар экрани мо рақами навбаташон пайдо мешавад. Баъд аз ҷанд дақиқа боз як паёмаки дигар меояд, баъд назди коршиносони мо рафта корашонро иҷро мекунанд.",--гуфт ӯ.
Риоя накардани тартиби навбатпоӣ борҳо боиси ҷанҷолу муноқиша миёни одамон шудааст. Ҷомеашиносон бар инанд, ки то замоне, ки ҳама қишрҳои ҷомеа ба фарҳанги шаҳрнишӣ мутобиқ нашаванд, ин раванд ба меъёр табдил нахоҳад ёфт.